Равшан Тӯрабеков

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Равшан Тӯрабеков
Равшан Тӯрабеков
Таърихи таваллуд 19 октябр 1936(1936-10-19)
Зодгоҳ Самарқанд, ҶШС Ӯзбекистон
Таърихи даргузашт 4 ноябр 2004(2004-11-04)
Маҳалли даргузашт Душанбе, Тоҷикистон
Шаҳрвандӣ  Тоҷикистон Тоҷикистон
Пеша ҳунарпеша

Равшан Тӯрабеков (19 октябри 1936, д. Оқсой н. Пастдарғами вил. Самарқанд4 ноябри 2004, шаҳри Душанбе) — ҳунарпеша ва режиссёр. Аълочии кинемат. ИҶШС (1969). Ходими хизматнишондодаи санъати Тоҷикистон (1981). Узви Иттифоқи кинематографистони СССР (1974).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Институти театриву рассомии ба номи А.Н.Островскии Тошканд (1960), Курси олии дусолаи кинорежисёрии Комитети давлатии кинематографистони СССР (Москва)-ро хатм кардааст (1967). Ҳунарпешаи Театри давлатии академии драмавии ба номи А. Лоҳутӣ (1960-1963), ассис. режисёр ва режисёри киностудияи “Тоҷикфилм” (1963-1972) ва аз с. 1972 режисёри “Тоҷиктелефилм”-и Студияи Телевизиони Тоҷикистон. Ҳамсари ҳунарпешаи синамо Дилбар Қосимова.

Эҷодиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар саҳнаи театр ва кино нақши зиёде офаридааст. Филмҳои бадеии телевизионии “Ман – сарҳад” (1972), “Сайди охирин” (1975), “Об аз куҷо меояд?” (1978), “Кӯҳи уқобон” (1980)- ро таҳия намудааст. Бештар аз 30 филми ҳуҷҷатиро ба навор гирифтааст: “Мо аз деҳаи Қистакӯз» (дорандаи мукофоти Фест. умумиит. филмҳои тел. дар шаҳри Одесса, 1978), “Хонаи ман – оилаи ман” (дорандаи мукофоти аввали Фест. умумиит. филмҳои телевизиони дар шаҳри Кишинёв, 1979), “Ман забони русиро меомӯзам” (дорандаи мукофоти аввали Фест. умумиит. филмҳои телевизиони дар шаҳри Ереван, 1982), “Касби мардон” (дорандаи мукофоти аввали Фест. умумиит. филмҳои телевизиони дар шаҳри Кишинёв, 1986) ва ғ. То давраи мавҷудияти “Тоҷиктелефилм” (1994) филмҳои бадеию ҳуҷҷатӣ, аз ҷумла филмҳои “Иҷоранишини якрав”, “Ҳаёти Душанбе”, “Аз Сирдарё то Зарафшон”, “Ҷилои ҳунар”-ро офаридааст.[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Аслҳо ва наслҳо. - Душанбе,2013, с.122.