Ноҳияи Мурғоб

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Ноҳияи маъмурӣ
Ноҳияи Мурғоб
Ноҳияи Мурғоб
38°11′10″ с. ш. 73°59′49″ в. д.HGЯO
Кишвар  Тоҷикистон
Тобеъи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон
Шомили 1 шаҳрак, 5 ҷамоат
Маркази маъмурӣ Мурғоб
Раиси ноҳия Раҷабзода Ҳусния
Таърих ва ҷуғрофиё
Таърихи таъсис 27 октябри 1932
Масоҳат 38 442,2 км² (53 %, 1-ум ҷой)
Баландӣ
  • · Миёна


  • 3800 м
Вақти минтақавӣ UTC+05:00
Аҳолӣ
Аҳолӣ 16 500[2] нафар (2022)(4,8 %, 7-ум ҷой)
Зичӣ 0,4 нафар/км²
Мазҳаб мусулмонон, исмоилиҳо, шиъаҳо, сунниҳо
Забонҳои расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Сарвожа MU
Рамзи ISO 3166-2 TJ.BK.MU
Коди телефон +992 3554
Нишонаи почта 736 600
Домени интернет tj
Коди мошинҳо 04 TJ
Ноҳияи Мурғоб дар харита
 Парвандаҳо дар Викианбор
шаҳраки Мурғоб

Ноҳияи Мурғоб (форсӣ: ناحیۀ مرغاب‎) — яке аз ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аст.

Ин ноҳия 27 октябри соли 1932 таъсис ёфтааст. Маркази ноҳияи Мурғоб шаҳраки Мурғоб (форсӣ: مرغاب‎) аст, ки 324 км шарқтар аз шаҳри Хоруғ дар канораи рӯди Мурғоб ҷой дорад.

Ҷойгоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Тақсимоти идории ВМКБ

Ноҳияи Мурғоб дар шимол бо вилояти Ӯши Қирғизистон, дар шарқ бо ноҳияи мухтори Синчиён-Уйғуристони Чин, дар ҷануб бо вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз мебошад. Ин ноҳия дар шимолу ғарб бо ноҳияҳои Сангвору Лахш ва дар ғарб бо ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Шуғнон, Роштқалъа ва Ишкошим ҳамсоя аст.

Аз шарқи ноҳияи Мурғоб ба ғарби он рӯдҳои Марғоб ва Ғунд гузар мекунанд, ки ба рӯди Панҷ мерезанд.

Ноҳияи Мурғоб 38442,2 км² масоҳат дорад. Ноҳияи Мурғоб, ки дар баландии беш аз 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир буда, яке аз нодиртарин маконҳои дидании вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст, барои зиндагии инсон чолишҳои худро дорад. Баландкӯҳи сарду зебоманзар на ба ҳар инсон барои зиндагӣ мувофиқ аст. Камбуди шадиди оксиген аз хусусиятҳои вижаи табиати Мурғоб мебошад. Тӯли умри инсон дар ноҳия аз 55 то 65 солро ташкил медиҳад.[3]

Мардум[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино бар саршумори соли 2015 дар ноҳияи Мурғоб 14 400 нафар зиндагӣ мекарданд.[4] Мардуми ноҳияи Мурғоб ба забонҳои қирғизӣ ва вахонӣ сухан мегӯянд.

Сол 1992 2012 2013 2014 2015 2016 2017 2018 2019 2020 2021 2022
Аҳолӣ,
ҳазор наф.
13,9 14,0 14,0 14,2 14,4 14,7 15,0 15,3 15,6 15,9 16,2 16,5

Бахшбандӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Бар асоси Қонуни тақсимоти кишварӣ, ноҳияи Мурғоб 1 шаҳрак ва 5 ҷамоат дорад[5]

Ҷамоатҳои ноҳияи Мурғоб
Ҷамоат Аҳолӣ Деҳаҳо
шаҳраки Мурғоб 6365 Мурғоб
Аличур 1788 Аличур, Башгумбаз, Булункӯл
Гожо Бердибоев 3124 Конакурган, Карадомор, Карасуу, Мадиян, Мамадзаир, Токтомушбек, Чештебе
Каракӯл 3532 Каракӯл, Караарт, Жанижер
Қизилработ 1471 Токтомуш, Акбейт, Қизилқурум, Чештебе

Шаймак

Рангкӯл 1165 Рангкӯл, Суубашӣ, Чечектӣ, Шатпут

Ҳукумат[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарвари ноҳияи Мурғоб Раиси Ҳукумати он аст, ки аз ҷониби Раиси Ҷумҳури Тоҷикистон таъйин мегардад. Ниҳоди қонунгузори ноҳияи Мурғоб - Маҷлиси намояндагони халқӣ мебошад, ки аз тарафи ҳама мардуми ноҳияи Мурғоб ба муддати 5 сол интихоб мешавад.

Иқлим[вироиш | вироиши манбаъ]

Иқлими ноҳия баландкӯҳи якбора континенталӣ буда, унсурҳои иқлими континенталӣ дорад, тобистони гарм ва зимистони сарди шадид дорад. Зимистон аз октябр то апрел давом мекунад. Ҳарорати миёнаи солона +15,0 °С; харорати миёнаи январ -16,5°С, мохи июл +20,0°С. Ҳарорати ҳадди ақали мутлақ -53 °C, ҳадди ҳарорати мутлақ +50 °C буд. Дар қаламрави ноҳия ба ҳисоби миёна соле 110—200 мм бориш меборад (аксари бориш дар фасли баҳор ва тирамоҳ ба амал меояд). Таъсири бартарӣ ба ҷараёни солонаи бориш дар ҷараёни интиқоли массаи ҷанубу ғарбӣ тавассути равандҳои сиклонӣ мебошад. Мавсими нашъунамои рустаниҳо 180-200 рӯз давом мекунад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Манобеъ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]