Хокистартеппа

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Деҳа
Хокистартеппа
Кишвар  Тоҷикистон
Вилоят НТҶ
Ноҳия Ҳисор
Таърих ва ҷуғрофиё
Аҳолӣ
Аҳолӣ 876 тан (2017)
Миллият тоҷикон
Эътиқодот мусулмонони ҳанафимазҳаб
Забони расмӣ тоҷикӣ
Шиносаҳои ададӣ
Пешшумораи телефон +992 3139
Нишонаи почта 735020

Хокистартеппадеҳа дар ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои ноҳияи Ҳисор. Аз Хокистартеппа то маркази ҷамоат 3 км, то маркази ноҳия 15 км. Аҳолиаш 1011 нафар (2020[1]; 876 нафар — 2017)[2], тоҷикон.

Таърих[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар ҷойи ҳозираи деҳа дар истгоҳи қатора анбори таҷҳизоти роҳи оҳан ва хобгоҳи мутахассисони роҳ ҷойгир буд ва он ҷойро он солҳо «Казарма» ҳам мегуфтанд. Дар сохтмони роҳ русҳою тоҷикон ва ӯзбеку қазоқу тоторҳо заҳмат мекашиданд.

Ба кори онҳо мутахассисон бародарон Бойко ва Сергей роҳбарӣ менамуданд. Дар паҳлуи хобгоҳи роҳи оҳансозон партовгоҳ ташкил карда шуда буд, ки ба он ҷо хокистару партовҳоро бурда мепартофтанд. Бо мурури замон он ҷо теппае пайдо шуд ва он ҷойро хокистартеппа гуфтанд. Ҳамин тавр номи деҳа Хокистартеппа гардидааст. Дар Хокистартеппа бо мардуми таҳҷоӣ қавми ҳиндуориёии паря, ки забонашон ба гурӯҳи забонҳои ҳиндӣ тааллуқ дорад, зиндагӣ мекунанд.

«Дар ноҳияи Ҳисор аз асри нуздаҳ боз ҳиндунажодҳо зиндагӣ доранд. Мувофиқи навиштаҳои кишваршинос, собиқ корманди Мамнуъгоҳи таърихию фарҳангии Ҳисор шодравон Асадулло Усмонов, олими машҳури ҳинд Коши Натх Пандито, ки солҳои 1983, 1988 ва 1995 ба Тоҷикистон омада буд ва гуфтаҳои олими шарқшинос Сайфиддин Акрамзодаи Тӯдаӣ дар китоби „Аз Сабо то Шаҳринав“, Д., 2007 ишора гардидааст, ки ҳиндунажодҳо (паряҳо) дар деҳаҳои Хокистартеппа дар шафати рустои Гачак ва дар деҳаи Ҳисор зиндагӣ мекунанд. Гурӯҳи калони онҳо дар маркази шаҳраки Ҳисор ҳам ҳастанд. Паряҳо кайҳо дини исломро қабул кардаанд ва худро афғон меноманд. Аммо на паштунанду на афғон. Мумкин, вақте ки соли 1857 сипоҳиёни Ҳинд зидди мустамликадорони англис исён бардоштанд, оилаҳои онҳо аз таъқиботу ҷазо тарсида маҷбур шуданд, ки ватанашонро тарк кунанд»[3].

Иқтисод[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар деҳа масҷиди панҷвақта, мағозаю дӯкон мавҷуд аст. Аҳолии деҳа ба боғдорию зироатпарварӣ ва обчакорию чорводорӣ машғул мебошанд. Сокинони деҳа дар хоҷагиҳои деҳқонӣ ва хоҷагии «Баракати чорводор» кор мекунанд.[4]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Всё о Таджикистане - Джамоат им. Мирзо Ризо (Навобод, им. Мирзо Ризо). tojkiston.ucoz.ru. 16 феврали 2023 санҷида шуд.
  2. Тақсимоти маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон — Д.: СИЭМТ, 2017. — 580 с. — ISBN 978-99947-33-68-2
  3. Фатҳуллоҳи Азиз, Султонмуроди Одина. «Ҳисори Шодмон: аз бостон то имрӯз», Д., 2013, С. 327
  4. Донишномаи Ҳисор. — Д.: «Ирфон», 2015, — С. 583—584