Гӯсфанди тоҷикӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Гӯсфанди тоҷикӣ - зоти навъи дунбадори нимдуруштпашм. Ходимони Институти тадқиқоти илмии чорводории Академияи илмҳои Тоҷикистон ва мутахассисони хоҷагии таҷрибавии Даҳанакиик бо роҳбарии академик Ғулом Алиев бо роҳи ҷуфткунии мешҳои зоти Гӯсфанди ҳисорӣ бо қӯчқорҳои зоти сароҷинӣ ва истифодаи насли дурагаи гӯсфандҳои линколнӣ – ҳисорӣ ба вуҷуд овардаанд. Гӯсфанди тоҷикӣ калонҷусса, сернасл ва тезрас буда, меш 70 – 124кг ва қӯчқор 118 – 162 кг вазн дорад. 60% - и вазни зиндаи онро гӯшту равған ташкил медиҳад. Вазни дунбааш 15 – 20 (бӯрдоқиаш то 35) кг мешавад. Гӯшташ серғизо ва хуштамъ аст. Пашми Гӯсфанди тоҷикӣ – нимдурушт, сафеди ҷилодори қолинбоб. Аз меш соле 3 – 5кг ва аз қӯчқор 4 – 7 кг пашм метарошанд, ки қариб 70% - и он пашми соф аст. Ба парвариши зоти гӯсфанди тоҷикӣ асосан Тоҷикистон, қисман Ӯзбекистон. ва баъзе хоҷагиҳои Туркманкистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Федаратсияи Русия машғуланд. Дар Тоҷикистон 200,6 ҳаз. сар гӯсфанди тоҷикӣ ва дурагаи онҳо, асосан дар ноҳияҳои Ҷ. Румӣ, Ёвон ва Хуҷанд парвариш карда мешавад. Қӯчқору мешҳои беҳтарини хушзоти Гӯсфанди тоҷикӣ дар хоҷагиҳои зотпарварии Даҳанакиик, хоҷагии “Уяли”, хоҷагиҳои ноҳияи Рӯдакӣ, Ёвон ва Истаравшан гирд оварда шудаанд. Дар ноҳияи Ҳисор хоҷагиҳои “Сайди кӯҳсор”, “Шоҳамбарӣ”, “Алмосӣ” ва шахсони алоҳида ва соҳибкорон бо парвариши гӯсфанди тоҷикӣ машғуланд. [1]

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Алиев Г.А. Таджикиское мясо – сально – шерстная порода овец. - Душанбе, 1967

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Донишномаи Ҳисор. - Душанбе: "Ирфон", 2015, - С. 202
Анбори Википедиа дар бораи ин мавзӯъ гурӯҳ дорад: