Аббоси Давс (Дабс)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аббоси Давс (Дабс) - номи гадое симиҷ ва шӯх аз қабилаи Давс (аз қабоили Яман ки ибни Аббос аз ҳамон қабила буд) ки ба латоифулҳиял гадоӣ мекард ва халқро механдонд. Дар «Ҷавомеъ-ул-ҳикоёт»-и Авфӣ ва «Латоифуттавоиф»-и Фахруддин Алии Сафӣ қисаи гадоии ӯ омадааст. Никалсун ӯро шираи хурмо фурӯш дониста ва ба ин байти «Асрорнома» истишҳод кардааст:

Танат дар танбалӣ андохтӣ ту,
Зи худ Аббоси Дабси сохтӣ ту.

Рӯзгори зиндагии вай ба дурустӣ маълум нест ва ончи мусаллам аст пеш аз қарни панҷуми қамарӣ мезиста зеро дар шеъри шоирони форсизабон аз қарни шашум номи ӯ ба унвони омӯзгори ҳиллаҳои гадоӣ бо шуҳрати бисёр ҳамроҳ будааст. Шӯҳрати ӯ мӯҷиб шуда, ки самоҷат дар кори гадоиро «Аббосӣ» ва «Аббосӣ кардан» ва «Аббосӣ овардан» хондаанд. Қиссаҳои ӯ дар китобҳои адабӣ шуҳрати бисёр доранд.

Усули куллии гадоии ӯ ин аст: суол кунӣ, ҳар ҷо ки бошад; бихоҳӣ, аз ҳар ки бошад; ва бигирӣ, ҳар чи бошад. Дар амсоли омиёна омадааст: «Ифодааш ба наввоб мемонад, гадоиаш ба Аббоси Давс».[1]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Сомонаи “Садои Шарқ”, Фарҳанг. 16 Декабри 2015 санҷида шуд. Баргирифта аз сарчашмаи аввал 16 Январ 2016.