Абдулазиз ибни Шарафуддин
Аз Википедиа
Абдулазиз ибни Шарафуддин (с. тав. ва ваф. номаълум), ҳунарманд ва рехтагари тоҷик асрҳои 14-15. Дар дарбори Амир Темур зиндагӣ ва эҷод кардааст. Аз осори Абдулазиз то замони мо кам расидааст. Намунаи машҳури ҳунари у деги калонест, ки соли 1399 аз хулаи ҳафтҷӯш барои мазори Хоҷа Аҳмади Ясавӣ (ш. Туркистон) рехта шуда, ҳоло дар Эрмитажи Санкт-Петербург маҳфуз аст. Ин деги мазор намунаи барҷастаи санъати рехтагарӣ ва мисгарӣ буда, ҳашт ҳалқаи нуқракӯби зарандуд дорад, дар атрофи он бо хатҳои сулс, кӯфӣ ва риқоъ матнҳои гуногун навишта шудааст. Дар девораҳои дег сари Шер ва мурғҳо, моҳи муҷассам ва ҳаккокӣ гаштааст.

