Абдуллоҳи Сайрафӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдуллоҳи Сайрафӣ
Зодгоҳ:
Шаҳрвандӣ (табаият):
Навъи фаъолият: хушнавис
Солҳои эҷод: 1310[1]1344[1]
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абдулло́ҳи Сайрафӣ (форсӣ: مولانا عبدالله صیرفی‎; зод. Табрез) — хаттоти форс-тоҷик ва яке аз устодони хатти сулс, муҳаққақ, насх, риқоъ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Табрез ба камол расида, дар ҳамон ҷо аз хушнависони номии давр Юсуфи Машҳадӣ ва Саид Ҳайдар таълим гирифтааст. Дар санъати хаттотии ӯ бештар «сабки ироқӣ» (таъсири Ёқути Мустаъсимӣ) ҳис мешавад. Ӯ яке аз устодони хати сулс, муҳаққақ, насх, риқоъ ба шумор меравад.

Осори боқимонда[вироиш | вироиши манбаъ]

Намунаҳои бисёре аз осори санъати хаттотии ӯ боқӣ мондааст, ки «Абусаиднома», «Меъроҷнома», «Таърихи Чингиз», Қуръон ва ғайра аз қабили онҳоянд. Ин асарҳо дар китобхонаҳои Ҳайдаробод, Бамбай ва Честер Биттии Дублин маҳфузанд. Абдуллоҳи Сайрафӣ дар катибанависӣ низ моҳири замон буд. Пештоқу дохили якчанд мадрасаю қасрҳои Табрез ва Димишқ бо катибаҳои ӯ оро ёфтаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]