Jump to content

Абдулмалики II

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулмалики II

Таваллуд асри X
Даргузашт асри XI
Падар Нӯҳи II ибни Мансур

Абдулмалик II Абулфаворис ибни Нӯҳ — охирин ҳокими Мовароуннаҳр, аз хонадони Сомониён.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Пас аз суқути салтанати бародараш Мансури II ибни Нӯҳ сардори давлат шуд. 16 майи 999 дар ҷанги назди Марв аз Маҳмуди Ғазнавӣ сахт шикаст хӯрд ва Хуросонро ба ӯ гузошта ба Бухоро баргашт. Тирамоҳи ҳамон сол ба Бухоро Наср ибни Алии Қарохонӣ ҳуҷум кард. Абдулмалик оммаро бар зидди душман бархезонда натавонист. Лашкаркашон, аз ҷумлаи ғуломони турк, ба тарафи душман гузаштанд. 23 октябри 999 Наср ибни Алӣ бе ҷанг ба Бухоро дохил шуд ва Абдулмаликиро бо дигар намояндагони хонадони Сомониён ба Ӯзганд бадарға кард.

  • Бартолд В. В. Абд ал-Мелик // Бартольд В. В. Сочинения. — М.: Наука, 1964. — Т. II, Ч. 2: Работы по отдельным проблемам истории Средней Азии. — С. 485—486.