Абдулқодири Муҳандаси Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдулқодири Муҳандаси Самарқандӣ
Таърихи таваллуд 1888(1888)
Таърихи даргузашт 1934(1934)
Маҳалли даргузашт Самарқанд

Абдулқоди́ри Муҳанда́си Самарқандӣ (18881934, Самарқанд) — меъмор ва кошикори тоҷик.

Кошикорӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар тармими мадрасаи Улуғбек чун меъмор ва кошикор ҳиссаи арзанда гузоштааст. Абдулқодир ёдгориҳои меъмории Масҷиди Хизр, Мадрасаи нав, муаззинхонаи Қӯшҳавз (Самарқанд) ва ғайраро кошикорӣ кардааст. Дар аввали солҳои 30 садаи XX бо роҳбарии профессор В. Л. Вяткин харобаҳои кошикории мадрасаи Тиллокориро тармим намудааст. Манораи калони Бухороро низ Абдулқодир тармим кардааст. ӯ дар тармим ва ороиши бинои Думаи шаҳри Санкт-Петербург ва ёдгориҳои меъмории Осиёи Миёна ширкат варзидааст. Дар Регистони Самарқанд аз санг «Соати офтобӣ» сохтааст, ки аз истеъдоди ин ҳунарманд гувоҳӣ медиҳад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]