Абдураҳмон ибни Авф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абдураҳмон ибни Авф
араб. ар. عبد الرحمن بن عوف
сурат
Иттилооти инфиродӣ
Касб, шуғл: бозаргон
Таърихи таваллуд: тақрибан 580 ё 571[1]
Зодгоҳ:
Таърихи даргузашт: 654 ё 652[2]
Маҳалли даргузашт:
Маҳалли дафн:
Кишвар:
Эътиқод: ислом
Ҳамсар Umm Kulthum bint Uqba[d], Sahla bint Asim[d], Sahla bint Suhail[d] ва Q25453700?
Фарзандон: Ibrahim ibn Abdur Rahman bin Awf[d], Hamid ibn Abdur Rahman bin Awf[d], Abu Salma Abdur Rahman bin Awf[d] ва Mus'ab ibn Abdur Rahman bin Awf[d]
Ҷанг:

Иттилооти иловагӣ
Лоиҳаҳои алоқаманд:  Викианбор  
Вироиши Викидода

Абдурраҳмон ибни Авф (ар. عبد الرحمن بن عوف‎; тақрибан 580 ё 571[1], Макка654 ё 652[2], Мадина[2]) — аз бузургони саҳоба, яке аз ашараи мубашшара ба ҷаннат ва узви шӯрои шашнафарае, ки Умар (р) барои интихоби халифаи нав таъйин карда буд.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдурраҳмон ибни Авф дар замони Расули Худо (с) нисфи мол ва пас аз он 40000 динор, пас аз он 500 аспу 500 шутур дар роҳи Худо садақа кард. Вай дар тӯли умраш 30000 ғулом озод ва барои ҳар нафаре аз бозмондагони ҷанги Бадр 400 динор васият кард, ки дар он рӯз сад нафар буданд. Умар (р) дар бораи ҷизяи маҷӯс, бозгаштан аз Сарғ дар замони тоъуни Амавос ва корҳои зиёде ба қавли Абдурраҳмон ибни Авф ва аҳодиси ривояткардаи вай амал кардааст.

Ба ривояти Бухорӣ, бароиАбдурраҳмон ибни Авф таоме оварда шуд ва ӯ рӯзадор буд. Гуфт: Мусъаб ибни Умайр, ки аз ман беҳтар буд, вақте кушта шуд, дар бурдае кафан карда шуд, ки агар сараш ба он пӯшонида мешуд, пойҳояш намудор мешуданд ва агар пойҳояш пӯшонида мешуданд, сараш намудор мешуд ва гуфт: Ҳамза, ки аз ман беҳтар буд, дар чунин ҳоле ба қатл расид. Пас аз он барои мо дунё ба ин андоза кушода шуд ё ба мо ба ин андоза аз он дода шуд. Хавф дорем, ки ҳасанот ва некиҳоямон (дар ин дунё) бароямон пеш фиристода шуда бошанд. Он гоҳ таомро тарк кард ва мегирист («Саҳеҳ»-и Бухорӣ, 4045). Абдурраҳмон ибни Авф аз Паёмбар (с) 65 ҳадис ривоят кардааст.

Хислат[вироиш | вироиши манбаъ]

Абдурраҳмон ибни Авф дар тамоми ғазавот бо паёмбар (с) ширкат дошт ва дар ҷанги Уҳуд 21 ҷароҳат бардошт. Вай тиҷоратпеша ва марди босаховат буд, дар як рӯз 30 ғулом озод кард ва боре корвони тиҷоратияш, ки 700 шутур бори гандум, орд ва дигар маводди хӯрокӣ дар он буд, ба Мадина расид. Оиша (р) гуфт: Аз паёмбар (с) шунидам, ки мегуфт: «Абдурраҳмон хазида (шикаммол, чорғов) ба ҷаннат медарояд». Вақте Абдурраҳмон ибни Авф ин сухани Оиша (р)-ро шунид, гуфт: «Эй модар, туро шоҳид мегирам, ки ҳамаи онҳоро бо бору зин ва ҷулҳояшон дар роҳи Худо садақа кардам» ва чун вафоташ наздик шуд, 1000 асп ва 50000 динор барои инфоқ дар роҳи Худо васият кард.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • الزريكلي خير الدين. الاعلام. الجزء الرابع. بيروت، ٢٠٠٥؛
  • عسقلانی ابن حجر. الاصابة في تمييز الصحابة. الجزء الثاني. بيروت، ٢٠١٠؛
  • عز الدين علي بن محمد، المعروف بابن الاثير. أسد الغابة في معرفة الصحابة. الجزء الثاني. بيروت، ٢٠١٢.

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Али-заде А. А. Абд ар-Рахман ибн Ауф // Исламский энциклопедический словарь. — М. : Ансар, 2007. — ISBN 978-5-98443-025-8. (CC BY-SA 3.0)
  • ʿAbd al-Raḥmān b. ʿAwf / Houtsma, M.Th.; Watt, W. Montgomery // Encyclopaedia of Islam. 2nd ed : [англ.] : in 12 vol. / ed. by P. J. Bearman, Th. Bianquis, C. E. Bosworth, E. van Donzel, W. P. Heinrichs et al. — Leiden : E.J. Brill, 1960—2005. (платн.)