Jump to content

Абдурраҳмонбегӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

«Абдурраҳмонбегӣ» — таронае, ки оҳанги онро ҳофиз ва оҳангсози номӣ Абдурраҳмонбег (асри 19) эҷод кардааст. Ин тарона дар асоси қисматҳои таронавии мақоми «Наво» таълиф шудааст. Чунин «Абдурраҳмонбегӣ»-ҳо маъруфанд; «Абдурраҳмонбег»-и 1 ва 2. Ин ду асар дар асоси зарбу навоҳои оҳанги «Савти сарвиноз» тасниф шудаанд. Уфари «Абдурраҳмонбег»- и 2 ба зарбу усули «Соқиномаи савти сарвиноз» наздик аст. «Абдурраҳмонбег» чун яке аз усулҳои таронавии мақомҳо дар қисмати «Муғулча»-ҳо низ вомехӯрад. Чанд шакли дигари «Абдурраҳмонбег» низ маълум аст. Яке аз шаклҳои хуби онро Ҳоҷӣ Абдулазиз месуруд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]