Jump to content

Фароловӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
(Тағйири масир аз Абуабдуллоҳи Фароловӣ)
Абуабдуллоҳи Фароловӣ
Муҳаммад ибни Мусо
Таърихи таваллуд: асри X
Навъи фаъолият: шоир

Абӯабдуллоҳ Муҳаммад ибни Мӯсо Фароловӣшоири форс-тоҷик (асри X).

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар бораи айёми ҷавонӣ, рӯзгор ва таҳсилоти ӯ дар сарчашмаҳои адабӣ маълумот кам аст. Абуабдуллоҳи Фароловӣ шоири тавоно ва шуҳратманди аҳди Сомониён буд. Рӯдакӣ дар як байташ Абуабдуллоҳи Фароловиро ном бурдааст:

Шоир Шаҳиду шӯҳра Фароловӣ
В-ин дигар ба ҷумла ҳама ровӣ.

Бино ба маълумоти сарчашмаҳо Абуабдуллоҳи Фароловӣ соҳиби девони ашъор, маснавие дар баҳри хафиф будааст. Вале аз эҷодиёти ӯ то замони мо абёти пароканда аз қасоиду ғазалҳо боқӣ мондаанд. Шоир бутон – маъшуқаҳоро васф кардааст. Ба масъалаҳои панду ахлоқӣ, иҷтимоӣ рӯй овардааст. Дар ашъораш калимаҳову ибораҳои халқии марбути хоҷагиву барзгарӣ ва ғайра вомехӯранд. Абёти зерин аз ӯст:

На ҳамчун рухи хубат гули баҳор,
На чун ту ба некӯӣ бути татор.
Ё ба ғарбела ҳамчу барзгаре,
Дона аз каҳ ба чак бисозӣ соф.
Раво набвад, ки бо ин фазлу дониш,
Бувад шурбам ҳаме доим зи мундӣ.
  • Ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ. - Д., 2007.