Абузайд Исфаранҷӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абузайд Исфаранҷӣ
Иттилооти инфиродӣ
Вироиши Викидода

Абузайд Муҳаммад ибни Исмоили Исфаранҷӣ (? — қарни XII) — донишманд, фақеҳ, муҳаддис ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Соли 1155 зимни сафари Самарқанд ба зиёрати Самъонӣ рафта, ҳангоми мулоқот бо ӯ узри ба зиёрат дер омаданашро бо ду зербайти арабии иншокардаи худ баён кардааст:

Мин ҳаққи абдика ан ямшӣ илайка камо
Ямшӣ-л-абиду ило абвоби содоти.
Локиннанӣ хоифун ан ло уъаввиқука ан
Вирди-л-ибодоти ав вирди-л-ифодоти.

Тарҷума:

Аз ҳаққи бандаат ин бувад, ки равад ба сӯят,
Ончунон ки раванд бандагон ба дари хоҷагон.
Лек тарсам аз он, ки мабодо монеъ шавам туро
Аз вирди ибодатҳо ва ё аз вирди ифодатҳо.

Тахаллус ва исми нисбати Исфаранҷӣ баргирифта аз Исфаранҷ — яке аз деҳаҳои Суғди нощияи Самарқанд аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]