Абулфатҳи Шаҳристонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулфатҳи Шаҳристонӣ
ар. عبد الكريم بن أبي بكر أحمد الشهرستاني
Таърихи таваллуд 1086
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 1153[1][2][3]
Маҳалли даргузашт
Кишвар
Фазои илмӣ дин[3], ислом[3] ва фалсафа[3]
Ҷойҳои кор

Абулфатҳ Муҳаммад ибни Абулкарими Шаҳристонӣ (1086, вулусволии Шаҳристон[d], Вилояти Урӯзгон1153[1][2][3], вулусволии Шаҳристон[d], Вилояти Урӯзгон) — таърихнигор, файласуф ва сайёҳи форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Айёми кудакиро дар зодгоҳаш гузаронида, баъдтар барои таҳсил ба Нишопур ва  Ҷурҷон рафтааст. Илмҳои замонаро аз устодони давраш омухта, дар мадрасаи «Низомия»-и Бағдод се сол ба кори таълим машғул шудааст. Баъди бозгашт ба Шаҳристон ба навиштани асарҳояш пардохтааст. У зиёда аз 20 асар таълиф кардааст. Аксари онҳо то замони мо расидаанд. Муҳимтаранашон «Мусориату-л-фалосифа», «Ниҳояту-л-иқдом фӣ илми-л-калом», «Мафотеҳу-л-асрор», «ал-Милал ва-н-ниҳал» мебошанд.

Мавзӯи асосии эҷодиёти Шаҳристониро масъалаҳои илоҳиёти ислом ташкил медиҳанд. Ақидаҳои динию сиёсии Шаҳристониро ба як ҷараёни маъмули давр нисбат додан амри муҳол аст, зеро у дар баъзе асарҳояш ашъарияро тарафдорӣ карда, дар баъзеи дигараш исмоилияро тарғиб намудааст. Вале дар муқаддимаи «Ал-милал ва-н-нидал» у худро фақеҳ ва мутакаллими аҷамӣ номидааст.

Агар баъзе норасоиҳои ҷузъии эҷодиёти Шаҳристониро сарфи назар кунем, гуфтан мумкин аст, ки у моҳияти таърихи фалсафаро дар асарҳояш аз муобризаи материализм (моддиён) ва идеализм (илоҳиён) иборат медонад. Шаҳристонӣ аз руи методи муайян таърихи фалсафаи ҷаҳонро бо пайдарҳамии хосе нигоштааст. Ӯ дар баёни ҳақиқати таърихӣ амиқназарона муносибат карда, нақши онҳоро дар таърихи афкори маънавӣ ба таври объективӣ муайян намудааст. Шаҳристонӣ дар барқарор намудани асосҳои илми таърихи фалсафа кореро ба субут расондааст, ки дусад сол баъд Ибни Халдун дар соҳаи фалсафаи таърих анҷом  дод.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Шаҳристонӣ / К. Беков // Ховалинг — Ҷӯяк. — Д. : СИЭСТ, 1988. — (Энциклопедияи Советии Тоҷик : [дар 8 ҷ.] / сармуҳаррир М. Д. Диноршоев ; 1978—1988, ҷ. 8).