Абулҳасани Пушангӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳасани Пушангӣ Алӣ
Таърихи даргузашт 959
Маҳалли даргузашт Нишопур

Абулҳасани Пушангӣ Алӣ ибни Аҳмад ибни Саҳл (соли ва ҷойи таваллуд номаълум – 959, Нишопур) — ориф ва зоҳиди Хуросон, аз ҷумлаи аҳли футуввати Хуросон, шогирди Абуҷаъфар Муҳамад ибни Абурраҳмони Шомӣ ва Ҳусайн ибни Идриси Ансорӣ.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз аҳли Пушанги Ҳирот буд. Зодгоҳи худро дар овони ҷавонӣ тарк карда дар Нишопур иқомат ихтиёр намуд. Ҳангоми дар Ҳирот буданаш аз Абуҷаъфар Муҳаммад ибни Абдурраҳмону Ҳасан Идриси Ансорӣ ва дар Нишопур аз Абуусмони Хайрӣ илми ҳадис омӯхт. Абулҳасани Пушангӣ дар илми тавҳиду муомилот аз машоихи бузурги замони худ маҳсуб мешуд ва дар футувват ном бароварда буд. Дастгирии мустамандонро ба худ воҷиб медонист. Ҳангоми дар Ироқ буданаш ӯро ба илҳод муттаҳам карданд. Сабаби он дақиқан маълум нест. Хоҷа Ансорӣ дар ин маврид гуфта, ки «магар дар ақида вайро хилале буда ва ё хатое дар сухан кардасри» Баъди баргаштан аз Ироқ дар Нишопур хонақоҳе барпо карда, дар он ба ибодату риёзат машғул шуд ва аз мардум канорагирӣ кард. Дар мазори Ҳамдуни Кассор мадфун аст. Аз Абулҳасани Пушангӣ таълифоте боқӣ намондааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Доират-ул-маорифи бузурги исломӣ, ҷ. 5, Т., 1383.