Абулҳасан ибни Яҳё

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абулҳасан ибни Яҳё

Абулҳасан ибни Яҳё (форсӣ: ابوالحسن ابن یحیی‎; ? — дарг: қарни Х) — донишманд ва пизишки дарбори Оли Бӯя, муаллифи китоби «Муолиҷати Буқротӣ».

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Бино ба ахбори Низомии Арӯзии Самарқандӣ дар «Чаҳор мақола», Абулҳасан ибни Яҳё муаллифи китоби «Муолиҷати Буқротӣ» будааст, ки «андар тиб кас чунин китобе накардааст». Дар ин китоб Абулҳасан ибни Яҳё чанд тан аз «аиммаю ҳукамою фузалою фалосифа»-ро ном бурдааст, ки дучори бемории молихулиё гаштаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]