Абуссуъуд Афандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуссуъуд Афандӣ
усм. ابو السعود افندى مُحمَّد عمادى
Таърихи таваллуд 30 декабр 1490(1490-12-30)
Зодгоҳ
Таърихи даргузашт 23 август 1574(1574-08-23) (83 сол)
Маҳалли даргузашт
 Парвандаҳо дар Викианбор

Абусууди Курдӣ ибни Муҳаммади Инодӣ (14881575, Истанбул) — шоир ва донишманди форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Маълумоти ибтидоиро аз падараш дар Инодияи Курдистон гирифт. Сипас барои идомаи таҳсил ба Истанбул рафт. Соли 1539 ба мансаби қозии аскар ва соли 1547 ба мансаби шайхулисломӣ расид. Абусууди Курдӣ дар баробари иҷрои корҳои давлатӣ оид ба илми фиқҳ, тафсир, риёзиёту илоҳиёт ва адабиёт рисолаҳои илмӣ иншо кардааст.

Забони осор[вироиш | вироиши манбаъ]

Ба забонҳои форсӣ, арабӣ ва туркӣ шеър мегуфт. Асарҳояш дар Мисру Туркия ба табъ расидаанд. Яке аз кӯчаҳои Истанбул ба номи Абусууди Курдӣ гузошта шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Деҳхудо, Луғатнома, ҷ. 1, Т., 1325 ҳ. ш.