Абутайиби Сарахсӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абутайиби Сарахсӣ
Навъи фаъолият: шоир
Забони осор: форрсӣ - тоҷикӣ

Абутайиби Сарахсӣ (соли таваллуд ва вафот номаълум) — шоири форс-тоҷик (асри 10).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз шоирони давраи Сомониён. Ҷузъиёти тарҷумаи ҳолаш маълум нест. Дар тазкираҳо (масоли, «Маҷмаъ-ул-фусаҳо»-и Ҳидоят) намунаҳои ашъораш омадаанд. Абёти зерин аз ӯст:

Эй подшоҳи рӯи замин, давр аз они туст,
Андешаи тақаллуби даврон куну замон.
Бехе нишон, ки давлати боқи-т бар диҳад,
К-ин боғи умр, гоҳ баҳор асту гоҳ хазон.
Чун ком ҷовидон мутасаввир намешавад,
Хуррам касе, ки зинда кунад ном ҷовидон.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Донишномаи Рӯдакӣ, ҷ. 1, Д., 2008.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]