Абуҳомиди Турка

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Абуҳомиди Турка
Навъи фаъолият: шоир

Абуҳомиди Турка (Садриддин Абуҳомид Муҳаммад Турка ; соли таваллуд ва вафот номаълум) — донишманд ва шоири тоҷик (асри 14).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосгузори Оли Турка – хонадони хуҷандиён, ки дар Исфаҳон зиндагӣ ва фаъолият мекарданд. Бо сабабҳои номаълум дар синни камолот ба Исфаҳон ҳиҷрат кард. Бо ҳукмронону адибону донишмандон Ғозонхон, Султонмуҳаммади Харбанда ва диг. шиносоӣ ва мукотиба дошт. Мувофиқи маълумоти наберааш Соинуддин Алӣ ибни Муҳаммад ибни Муҳаммад, бобояш таълифоти зиёде дар фалсафаву ирфон, аз қабили «Ҳикмат-ул-маниъа», «Ҳикмат-ур-Рашидия» (ба Рашидуддини Фазлулоҳ бахшида шуда буд), «Рисола дар вуҷуди мутлақ», «Китоб-ул-эътимод-ил-кабир» ва ғайра доштааст. Дар силки орифон дохил гардида буд ва дар ин бобоат низ китобҳову рисолаҳо доштааст. Ба замми ин таълифот, ӯ шеър низ мегуфтааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Саид Нафисӣ, Таърихи назму наср дар Эрон ва дар забони форсӣ, Т., 1344 ҳ. ш.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]