Автоблоконӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Автоблоконӣ — ба таври автоматӣ тағйир додани реҷаи кори мошин, асбоб, система (ҳатто то пурра қатъ намудани фаъолият), ки дар натиҷаи ногаҳон вайрон шудани шароити мӯътадили амалашон ба вуҷуд меояд; маҷмӯи воситаҳои техникӣ, ки чунин тағйироти реҷаи кориро амалӣ месозанд. Автоблоконӣ дар корхонаи саноатӣ ва нақлиёт барои муҳофизати кормандон, таҷҳизот ва муҳити зист дар ҳолати ба вуҷуд омадани вазъияти садамавӣ ё нодуруст амал кардани ашхоси хидматрасон, барои пешгирӣ намудани истеҳсоли моли нуқсондор, ҳангоми нодуруст кор кардан ё шикастани мошинҳо, таъминоти бехатарии ҳаракат дар нақлиёт, ҳифзи объектҳои муҳофизатшаванда истифода мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]