Агробизнес

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Агробизнес (аз агро ва бизнес) — яке аз тарзҳои иқтисоди бозоргонӣ. Агробизнес ба истеҳсолоти кишоварзӣ, нигаҳдорӣ, фурӯш ва коркарди маҳсулоти он вобаста аст. Аз нигоҳи сохтор ҳаммаънои комплекси агросаноатӣ мебошад. Фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ бинобар ҳамбастагии амалиётҳои иқтисодӣ ва табиию иқлимӣ душвориҳои зиёд дорад. Аз ин лиҳоз муомилоти пулӣ низ нисбатан суст буда, он асосан хусусияти мавсимиро касб кардааст. Дар соҳаи кишоварзӣ воситаи асосии истеҳсолот замин, зироат ва ҳайвонот мебошад. Ривоҷи соҳа ба омилҳои иқлимию табиӣ вобастагии ногусастанӣ дорад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]