Адади таҳвил

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адади таҳвил — нисбати суръати узви барандаи механизм ба суръати узви пайрави он. Ҳангоми чархзании навардҳо ифодаи адади таҳвил чунин аст: ки дар он w1 ва n1 – суръати кунҷӣ ва адади гардиши наварди баранда, w2 ва n2 – суръати кунҷӣ ва адади гардиши наварди пайрав мебошад. Адади таҳвилро бо андозаҳои геометрии механизм, ки тарҳи онро тавсиф медиҳанд, низ ифода кардан мумкин аст. Масалан, барои таҳвили фриксионӣ ё тасмагии устувонашакл адади таҳвил чунин аст: i=D2/D1, дар он D2 – қутри шкиви пайрав ва D1 – қутри шкиви дохилӣ; барои таҳвили чархҳои дандонадор i=z2/z1 аст, ки дар он z2 – адади дандонаҳои чархи пайрав, z1 – адади дандонаҳои чархи баранда мебошад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]