Jump to content

Адинамия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Адинами́я (юн.-қад. ἀδυναμία — бемадорӣ) — якбора беқувват шудани инсонро гӯянд. Ҳангоми бемориҳои вазнини сироятӣ, бемории бардавоми беҳолкунанда, гуруснагӣ кашидан ва ғайра мушоҳида мешавад. Дар баробари адинамияи умумӣ адинамияи узвҳои ҷудогона низ ба мушоҳида мерасад. Сабаби он таъсири боздорандаи асаб, осеб ёфтан ё хароб гаштани унсурҳои фаъолияти онҳо мебошад. Масалан, адинамияи дил, ки дар мавриди хароб гаштани миокард бинобар заъфи бардавоми он рух медиҳад.