Азизов Абдулҳафиз
Аз Википедиа
Азизов Абдулҳафиз (тав. 02.12.1950, деҳ. Сурхи н.Исфара), омӯзгор, Корманди шоистаи ҶТ (1999), Муаллими соли 1992-и ҶТ, Аълочии маорифи ҶТ (1984), Аълочии маорифи СССР (1987). Аз оилаи деҳқон. УДТ (1972). Омӯзгори м.м. №29 (1972-1991), омӯзгор (1991) ва аз с.1992 директори гимназияи №6 (гимназия-коллеҷ-интернат). Гимназия таҳти роҳбарии А. ба яке аз таълимгоҳҳои беҳтарини ҷумҳурӣ табдил ёфта, сафи ғолибони озмунҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ба 75 нафар, барандагон ва хатмкунандагон бо медалҳои тиллою нуқра ва гувоҳномаи аъло ба 152 нафар, дохилшавандагон ба мактабҳои олии ҷумҳурӣ ва берун аз он ба 1003 нафар (95 фоизи хатмкардагони таълимгоҳ) расид. Хизматҳояш бо ордени «Нишони Фахрӣ», ифтихорномаҳои шӯъбаи сибирии АИ СССР, Ҷамъияти умумииттифоқии химикон, Вазорати маорифи ҶТ қадр шудаанд. Ба фаъолияти омӯзгории А. телевизиони Тоҷикистон филми махсуси мустанадеро таҳия намудааст.


