Тоҷикистон

Аз Википедиа
Ҷаҳиш ба: новбари, Ҷустуҷӯи


Ҷумҳурии Тоҷикистон
Тоҷикистон
Flag of Tajikistan.svg Coat of arms of Tajikistan.svg
Tajikistan (orthographic projection).svg
Шиор: нест
Суруди миллӣ: «Суруди миллӣ»
Рӯзи истиқлолият 9 сентябри соли 1991 (аз Иттиҳоди Шӯравӣ)
Забони расмӣ Забони тоҷикӣ
Пойтахт Душанбе
Шаҳри калонтарин Душанбе, Хуҷанд
Идораи давлат Ҷумҳурӣ
Президент Эмомалӣ Раҳмон
Масоҳат
  • Ҳамагӣ
  • Фоизи об.
92-ум ҷой дар ҷaҳон
143 100 км²
0,3 %
Аҳолӣ
  • Ҳамагӣ (2009)
  • Зичӣ
95-ум ҷой дар ҷaҳон
7 349 145 нафар
50 нафар/км²
ММД
  • Ҳамагӣ (2010)
  • Ба сари аҳолӣ
132-ум ҷой дар ҷaҳон
4,31 млрд[1]
570[1]
Пули миллӣ Сомонӣ
Интернет-Домен .tj
Коди телефон +992
Соат UTC +5

Тоҷикистон (форсӣ: تاجیکستان ) кишваре дар Осиёи Марказӣ аст. Номи расмии кишвар Ҷумҳурии Тоҷикистон (форсӣ: جمهوری تاجیکستان ) ва пойтахташ шаҳри Душанбе аст.

Тоҷикистон дар шимолу ғарб бо Ӯзбекистон (1161 км), дар шимолу шарқ бо Қирғизистон (870 км), дар шарқ бо Чин (414 км) ва дар ҷануб бо Афғонистон (1206 км) марз дорад. Марзҳои Тоҷикистон бисёр печдор буда дар тӯли чандин аср ташаккул ёфтаанд. Марзи Тоҷикистон бо Афғонистон соли 1885 таъйин шудааст ва он аз рӯдҳои Панҷ ва Омударё мегузарад.

Тоҷикистон кишваре кӯҳсор ва пурбориш аст ва манобеъи фаровони кониву об дорад. Ин кишвар ба дарёҳои озод дастрас надорад.

Паҳноварии ин кишвар 143 100 км мураббаъ (195-ум дар ҷаҳон) аст ва бино бар додаҳои саршумории соли 2008 дар Тоҷикистон 7 215 700 тан бошанда буда, ки 79,9 дарсад аз онҳо тоҷик, 17 дарсад узбак, 1,3 дарсад қирғиз, 1 дарсад русу укроиниву тотору ғайра ҳастанд. Бештари мардуми Тоҷикистон эронизабон (порсизабону помиризабон) ва мусулмон (суннимазҳабу шиъамазҳаб) ҳастанд.

Мундариҷа

Таърих

Эмомалӣ Раҳмон
Мақолаи асосӣ: Таърихи Тоҷикистон

Таъриху фарҳанги Тоҷикистон бо Афғонистону Эрон яксону монанд аст. Куҳантарин номе, ки ниёгони мардуми эронитабор, яъне ориёиҳо, бар сарзамини худ ниҳода буданд, Airyānǝm Vaējah буда, ки аз он дар Авесто ёд шудааст. Ҷойгоҳи ин сарзамин ҳануз дуруст ошкор нашудааст. Дертар сарзамини ориёиҳо ба 16 подшоҳӣ ҷудо гардид, ки аз онҳо дар Авесто бо номи Airyānǝm Dahyunam ёд шудааст. Ҳамин ном дертар Airyānǝm Xšaθram, Aryānšaθr ва Ērānšahr гашт ва Эрон шуд.

Яке аз он 16 dahyu ё деҳа (дар Авесто ба маънии сарзамин ва подшоҳист) Суғд ва дигаре Бохтар ё Балх буд, ки бахше аз сарзамини кунунии Тоҷикистонро дарбар мегиранд. Суғду Бохтар(Балх) дар замони шоҳаншоҳии Ҳахоманишиён (558 – 330 то милод) яке аз хšaθra ё шаҳрҳои(кишварҳои) Ориёно шудаанд. Дар он замон сарзамини миёни Омударё ва Сирдарёро, ки як шаҳр (дар порсии бостон ба маънии подшоҳист) ба шумор мерафт, Парадрая низ мехонданд, ки маънояш Вар аз руд аст. Дар «Шоҳнома» - и А. Фирдавси ин сарзамин Тӯрон хонда шудааст.

Пас аз лашкаркашии Искандари Мақдунӣ ин сарзамин бахше аз подшоҳии Искандар (330 - 323 то милод) ва Селевкиён (312 - 150 то милод), подшоҳии Юнонии Бохтар (250 – 125 то милод), шоҳаншоҳии Ашкониён (250 то милод — 224 милодӣ),шоҳаншоҳии Кушониён (садаҳои I то милод– IV милоди), шоҳаншоҳии Сосониён (224 – 651), шоҳаншоҳии Ҳайтолиён (садаҳои IV – VI)ва шоҳаншоҳии Ҳоконии турк (551 - 741) шуд.

Дар замони Сосониён(224 - 651) ин сарзамин дар маводҳои таърихӣ Варазруд ё Фароруд ва Хуросон хонда мешуд ва чанд подшоҳии ҷудогона дошт.

Дар нахустин садаҳои исломӣ, дар солҳои 705-715 милодӣ, ки сулолаи Умавиён бар Хилофати араб фармон меронданд, арабҳо бар Варорӯд(Варазруд) тохтанд ва онро гирифтанду мардумашро мусулмон карданд. Аз он пас ин макон ном ба арабӣ баргардон шуд ва Мовароуннаҳрхонда шуд ва бахше аз вилояти Хуросон гашт.

Пас аз густариши Ислом дар Эрону Тӯрон, вилояти Хуросон, аз ҷумла Мовароуннаҳр(Варазруд), зиндакунандаи фарҳанги эронӣ ва офаринандаи забони порсӣ-дарӣ буд, ки ҷонишини забони паҳлавӣ, сугдӣ, тахорӣ, хутану сакои шуд. Нахустин шоирони порсигӯй аз ин сарзамин бархостанд, ба вижа Рӯдакӣ, ки падари шеъри порсӣ(форсӣ) шинохта шудааст. Дар нахустин садаҳои исломӣ, Хуросон ва Мовароуннаҳр гаҳвораи фарҳангу дониши исломӣ буданд ва бузургоне чун Абуалӣ Сино, Имоми Аъзам, Имом ал-Бухороӣ, Закариёи Розӣ, Форобӣ ва нафарони дигар дар худ парвариданд.

Дар садаи X милодӣ, дар замони хилофати сулолаи Аббосиён, амирони сулолаи Сомонӣ, ки аз хонаводае тоҷик буданд бархоста, бар Варорӯду(Мовароуннаҳру) Хуросон фаромонраво гаштанд. Давлати Сомониён (819 – 999) - нахустин давлати миллии тоҷикон гардид.

Ду давлати дигари тоҷикон - Гуршоҳон (1150-1215) ва Куртҳои Ҳирот (1245-1381) дар Хуросон ва Шимоли Ҳиндустон муддате арзи ҳастӣ намуданд.

Пас аз Сомониён (819 – 999) бар ин сарзамин подшоҳоне турку муғултабор аз силсилаҳои Ғазнавиён (998 – 1187), Қарохониён (1005 – 1141), Қарохитоиён (1141 – 1212), Салҷуқиён (1037 – 1194), Хоразмшоҳиён (1077 – 1231), Чингизиён (1220 – 1370), Темуриён (1370 – 1501), Шайбониён (1501 – 1599), Аштархониён (1599 – 1753) ва Манғитиён (1753 - 1920) фармон рондаанд.

Дар солҳои 1864 - 1868/1895 ин сарзаминро, ки дар дасти амирони манғитии Бухоро ва хони Хӯканд буд, русҳо гирифтанд ва бахше аз сарзамини мустамликадории Империяи Русия карданд.

Дар солҳои 1917 - 1921 дар ин кишвар муборизаи хунин барои пойдор намудани тартиботи Шӯравии коммунистӣ шуда гузашт, ки боиси хиҷрати қисми ахолӣ аз Ватан гардид. Пас аз шикасти амири Бухоро аз шӯришчиёни инқилобӣ дар 2 сентябри соли 1920, дар сарзамини ин аморат Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Бухоро бунёд ёфт.

Соли 1924 дар натиҷаи гузаронидани тақсимоти миллии худудӣ дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ин кишварро ба чанд ҷумҳурӣ ҷудо карданд ва дар бахшҳои шарқии он Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон дар таркиби Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбакистон сохта шуд. Зодгоҳи тамаддуну фарҳанг ва офаринандагони забони форсӣ-точикӣ дар натичаи ин амали сунъӣ парешон гардиданд. Танҳо,соли 1929 Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон аз Узбакистон ҷудо шуд ва Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ном гирифт.

Дар ҶШС Тоҷикистон идеологияи коммунистӣ ҳукумрон гардида, дини ислом ба зери таъқиб қарор гирифта буд, Қисми мардуми кишвар тартибу низоми шуравиро рад намуда бо Ҳукумати шуравӣ ҷангиданд (ҷанги шахрвандии с. 1921-1924). Аммо ба максади хеш нарасида Ватанашонро тарк намуданд. Дар солхои 30-40 асри XX асосҳои нави истеҳсолоти саноатй дар ҶШС Тоҷикистон гузошта шуданд. Дар деҳот коллективонии хочагидории деҳқонӣ анҷом ёфта, боиси аз байн рафтани деҳқонони соҳибмулк гардид. Инқилоби маданӣ ба ҳаёти тоҷикон мактабҳои навъи шуравӣ ( мактаби махви бесаводии калонсолон, кӯдакистон, мактаби миёнаи наврасон, мактаб-интернат, омузишгохи касбӣ, мактаби олӣ) муассисаҳои илмиву фарҳангӣ (театр, китобхона, клуб, чойхонаи сурх-кироатхона, музей, боги истироҳат, кинотеатр, варзишгоҳ)- ро ворид намуд. Тоҷикистон комилан ба комплекси ягонаи умумииттифоқии хоҷагии халқ ҳамроҳ гардида, пурра тобеи Марказ (Иттиҳоди Шӯравӣ) гардид.

Солҳои 50-80 асри XX баъд аз ба сари давлат таъин гардидани сарварони таҳҷойи ба монанди Бобоҷон Ғафуров, Турсун Улҷабоев, Ҷаббор Расулов ва Қаҳҳор Махкамов иқтисодиёти Тоҷикистон рушд меёфт. Точикистон ба мамлакати хоҷагидориаш индустриалӣ - аграрӣ табдил ёфт, фарҳангу санъатӣ миллӣ эҳё гардид. Сатҳи зиндагии мардум баҳтар мегардид. Вале, бо вуҷуди он, Тоҷикистон нисбат ба дигар ҷумҳуриҳои шӯравӣ аз ҷиҳати таъмини манзили истиқомат, музди миёнаи маош, муассисаҳои илмӣ, маориф, фарҳанг, шумораи бекорон ва диг. дар ҷойи охирон қарор дошт. Иқтисодиёти Тоҷикистон асосан барои таъмини корхонаҳои марказии Иттиходи Шўравӣ бо ашёи хом (неруи барқ, пахта, канданиҳои фоиданок, уран ва диг) нигаронида шуда буд. Дар давраи мавҷудияти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон (солҳои 1924 - 1991) халки тоҷик аз нав тамаддуну фарҳанг ва забони форсӣ-тоҷикиро дар каламрави хещ эҳё намуд. Сутуни ояндаи давлатдории соҳибистиқлоли Точикистон гузошта шуд.

24 августи соли 1990 ичлосияи дуюми Шўрои Олии ҶШС Точикистон, Эъломияи истиқлолияти Ҷумхурии Шўравии сотсиалистии Тоҷикистон дар ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ (ИҶШС) қабул намуд.


Пас аз "табадуллот"-и (ГКЧП) коммунистони тундрав 19-21 августи соли 1991 дар Москва, ки бемуваффақият анҷом ёфт, Шўрои Олии Ҷумхурии Тоҷикистон 9 сентябри соли 1991 "Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Точикистон" қарор қабул намуд.

Бахшбандии кишварӣ

Tajikistan provinces.png
Мақолаи асосӣ: Вилоятҳои Тоҷикистон

Дар асоси Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон № 100 аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон»[2], воҳидҳои марзиву маъмурӣ ва маҳалҳои аҳолишини Ҷумҳурии Тоҷикистон Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот ва деҳа мебошанд. Ноҳияҳо деҳавӣ ва шаҳрӣ буда, дар итоати ҷумҳурӣ, вилоят ё шаҳр шуда метавонанд.


Дар соли 2010 Ҷумҳурии Тоҷикистониборат аз Вилояти мухтори Куҳистони Бадахшон (ВМКБ); Вилояти Суғд; Вилояти Хатлон; 17 шакхр, 62 нохия (ҳамчунин, 13 ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ки дар маркази мамлакат ҷойгир шудаанд), 55 шаҳрак ва 368 ҷамоат иборат аст.<refname=autogenerated1>http://www.stat.tj/russian_database/socio-demographic_sector/administrative-area_units.xls</ref>.


Ҳамакнун сарзамини Тоҷикистон ба чунин воҳидҳо бахш карда шудааст:

Аҳолӣ,
. ҳазор тан
Зичии аҳолӣ,
кас/км²
Шумораи ноҳияҳо Марказ
Душанбе 724 1,2 603 4
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон| 206 64,2 3,2 7 Хоруғ
Вилояти Суғд| 2 237 25,4 88,1 18 Хӯҷанд
Вилояти Хатлон| 2 676 24,8 107,9 21 Қурғонтеппа
НТҶ 1 722 28,6 60,2 13 Душанбе

Иқтисод

Тоҷикистон акнун дар роҳи пешрафт аст. Бисёр корхонаҳову фабрикаҳо дар ҳоли ҳозир кор карда истодаанд ва бо кӯмаки дигар давлатҳо тариқи ҳамкори Тоҷикистон рӯз то рӯз ба пеш рафта истодааст.

Ҷуғрофия

Кӯҳсори Тоҷикистон

Тоҷикистон кишваре кӯҳистонӣ буда ва 93 дарсади сарзамини он аз 300 то 7495 м баландтар аз сатҳи дарё аст. Кӯҳсори Тоҷикистон бахше аз кӯҳистонҳои Тиён-Шон ва Помир ҳастанд. Баландтарин кӯҳҳои Тоҷикистон инҳоянд:

Кӯҳ Баландӣ Ҷойгоҳ
Қуллаи Истиқлолият 7,174 м 23,537 ft     кӯҳсори Олой
Кӯтали Қизиларт 4,280 м 14,042 ft     кӯҳсори Олой
Қуллаи Исмоили Сомонӣ (аз ҳама баландтарин) 7,495 м 24,590 ft     Помир
Қуллаи Абуалӣ ибни Сино 6,974 м 22,881 ft     шимолтар аз Қуллаи Исмоили Сомонӣ
Қуллаи Корженевскӣ 7,105 m 23,310 ft     Помир
Қаторкӯҳи Академияи Фанҳо 6,785 м 22,260 ft     Помир
Қуллаи Конкорд 5,469 м 17,943 ft     кӯҳсори Қарақорум
Куллаи Карл Маркс 6,726 м 22,067 ft     кӯҳсори Қарақорум
Қуллаи Маяковскӣ 6,096 м 20,000 ft      марз бо Афғонистон.

Иқлим

Иқлими Тоҷикистон гарму хушк аст ва зимистонаш кӯтоҳу серун ва тобистонаш дарозу гарм аст. Дар моҳи январ дамои ҳаво аз +22 °C (дар ноҳияи Панҷ) то -61 °C (дар Булункӯл), дар моҳи июл дамои ҳаво аз -8 °C (дар Булункӯл) то +50 °C (дар ноҳияи Панҷ) тағйир меёбад.

Вобаста аз пастиву баландии маҳалл аз сатҳи дарё, дар Тоҷикистон чанд навъи иқлим ташаккул меёбад:

  • Иқлими хушки субтропикӣ (дар водиҳои Вахш ва Ҳисор) ки тобистон тӯлониву гарм ва зимистон кӯтоҳу нарм ва мизони бориш кам (150 - 200 мм) аст.
  • Иқлими мӯътадил дар минтақаҳои миёнакӯҳ ки тобистон серун ва зимистон сард буда мизони бориш бисёр (то 1550 мм) аст.

Кишоварзӣ

Акси Қуллаи Исмоили Сомонӣ (дар гузашта бо номи Пики Коммунизм) вақте ки Тоҷикистон қисми Иттиҳоди Шӯравӣ буд.

Пахта, гандум, тамоку,

Дармону беҳдошт

Расонаҳои ҳамагонӣ

Расман оғози таърихи матбуоти тоҷик ба нашри аввалин шумораи "Бухорои шариф" дар 11-уми марти соли 1912 нисбат дода мешавад. Биноба он ҳар сол дар 11-уми март Рўзи матбуот ҷашн гирифта мешавад. Вале пажўҳишгарон тазкира ва осори насри қадимии тоҷикиро зинаи аввали журналистикаи тоҷик мешумуранд. Чунончӣ, муаллифони китоби "Таърихи матбуоти тоҷик" И. Усмонов ва Д. Давронов корбурди жанрҳои хабар, гузориш, мусоҳиба ва ғайраро дар солнома ва таърихнигориҳои садаҳои 10 то 15 тазаккур медиҳанд. Дар нимаҳои дуввуми садаи 19 ва оғози садаи 20 бархе аз нашрияҳо чоп шудаанд, ки матолиберо ба точикӣ нашр кардаанд. Дар давраи шӯравӣ матбуот зери назорати шадиди давлат қарор дошт, вале дар ин давра низ аз талошҳои озодбаёнӣ дар бархе аз онҳо ба мушоҳида расидааст. Ибтидои солҳои 90-уми садаи 20 давраи шукуфоии матбуоти озоди Тоҷикистон шуморида мешавад, ки ба нашрияҳое монанди "Чароғи рўз", "Растохез", "Сухан", "Адолат" ва монанди инҳо нисбат дода мешавад. Дар солҳои ҷанги Тоҷикистон 1992 то 1997 даҳҳо журналисти тоҷик кушта ва аксари журналистони боҳунар кишварро тарк кардаанд. Ҳоло матбуоти мустақили Тоҷикистон аз нав чон мегирад ва чанд нашрия, хабаргузорӣ, радио ва телевизионҳои мустақил талош доранд, бо истифода аз озодии матбуот рисолати худро амалӣ кунанд.

Адабиёт

Рӯдакӣ-асосгузори адабиёти форсу-точик

Назму насри форсу-тоҷик тули чандин асрҳо тараққи мекард. Давраи нашъу намои адабиёти форсу-тоҷик ба асрҳои миёна рост меояд, вақте, ки дар Осиёи Миёна аввалин давлати тоҷикон ба вуҷуд меояд (874-1005). Маҳс дар ҳамин давра тараққиёти миллати тоҷик ба ҳисоб меравад. Сомониён ба илм ва адабиёт диққати махсус зоҳир мекарданд. Шоирон ва олимони ҳамон давра ба монанди Рӯдаки, Абӯали ибн Сино(Авиценна), Фирдавси, Унсурӣ, Дақиқӣ дар даргоҳи шоҳони Сомониён кор ва фаъолият мебурданд. Эрониён ва тоҷикон он вақтҳо як қавмро бо решаҳои бо ҳам пайваст ташкил мекарданд ва адабиёт, санъат, илм ҳам дастраси ҳамагон буд. Рӯдакӣ асосгузори адабиёти форсу-тоҷик мебошад. Истилои арабҳо ба Осиёи Миёна дигаргуниҳои зиёде овард. Маданияти бой ва архитектураи тоисломии тоҷикон нест карда мешуд, китобҳо сузонида мешуданд. Дар Осиёи Миёна дини ислом ҷори шуда забони арабӣ-умуми гардид. Забони нави адабӣ – забони форсу-тоҷик дар асрҳои IX-X ташаккул гардид. Рӯдакӣ – шоири барҷаста, асосгузори адабиёти форсу-тоҷик, аввалин шуда забонро ташаккул дод ва онро дар назми худ истифода бурда, якчанд жанрҳои адабии он замонро ба вукуъ овард. Маҳз аз ҳамон давра сар карда адабиёти форсу-тоҷик ташаккул ёфта дар тамоми олам машҳур гардид. Дар охири асри X Фирдавси «Шоҳнома»-и безаволи худро 'эҷод кард, ки аз ҷихати маъно ва ҳаҷм дар тамоми адабиёти олам ҳамтоё надорад. Асри XI бо ба вукуъ омадани эпосҳои романтики машҳур шудааст. Маҳз дар ҳамин жанр силсилаи достонҳои Унсури, Айюки, Гунгури, Умар Хаём мебошанд, вале «Ҳамса»Низомии Ганчавӣ аз ҳама зеботар мебошад, ки асри XII эҷод карда шудааст. Дар асри XIII «Бустон» ва «Гулистон»- и Саъди, дар асри XIV достонҳои Амир Хусрави Дехлавӣ ва Хоҷа Кирмонӣ, Камоли Хӯчандӣ ва ғазалҳои Ҳофизи Шерозӣ эчод шудаанд. Асри XV бошад бо назми Ҷоми машҳур гардидааст.

Меъморӣ ва санъати тасвирӣ

Мусиқӣ ва театр

Омӯзишу парвариш ва фарҳанг


Пайнавиштҳо

  1. 1.0 1.1 IMF report data (april 2010)
  2. Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1995, №21, мод. 239; соли 2000, №11, мод. 513; соли 2003, №4, мод.153; соли 2008, №3, мод. 182; соли 2009, №7-8, мод.489; №12, мод.


 
Созмони ҳамкории Шанхай
СҲШ.jpg
Қазоқистон  | Қирғизистон  | ҶХЧ  | Русия  | Тоҷикистон  | Ӯзбакистон
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Ҳиндустон | Эрон | Муғулистон | Покистон


 
Иттиҳоди иқтисодии Евразия
EURASEC Flag.png
Қазоқистон  | Қирғизистон  | Беларус | Русия  | Тоҷикистон |  Ӯзбакистон |
Кишварҳо-мушоҳидачиён: Арманистон | Молдова | Украина


 
Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил
Flag of the CIS.svg
Арманистон | Белорусия | Қазоқистон | Қирғизистон | Молдова | Озорбойҷон | Русия | Тоҷикистон | Ӯзбакистон | Украина
Кишвари-мушоҳидачӣ: Туркманистон
Coat of arms of Tajikistan.svg

Тоҷикистон

Абзорҳои шахсӣ
Фазоҳои ном
Вариантҳо
Амалкардҳо
Гаштан
Ҷаъбаи абзор
бо забонҳои дигар