Азиз Қорӣ Муллоазизхоҷаи Қундузӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Қорӣ Азиз
Номи пурра Азиз Қорӣ Муллоазизхоҷаи Қундузӣ
Зодгоҳ: Қундуз
Навъи фаъолият: Шоир

Азиз Қорӣ Муллоазизхоҷаи Қундузӣ (мулаққаб ба Эшонҷон) — шоири тоҷик (охири садаи XIX – ибтидои садаи XX).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аз зодгоҳаш – Қундуз барои таҳсил ба Бухоро омада, то охири умр дар ҳамин ҷо зиндагӣ ва эҷод кардааст. Муддате қозии Ҳисор буд. Баъд ба Бухоро баргашт ва дар мадрасаи Абдулазизхони Бухоро ба тадрис машғул шуд. Дар тазкираҳои Муҳтарам ва Садри Зиё Азиз чун шоири тавонову боистеъдод тавсиф шудааст. Дар ашъораш ба мавзӯъҳои иҷтимоӣ, мазаммати беадолатӣ, панду насиҳат ва ғайра муроҷиат кардааст. Забони ашъораш содаву равон аст. Абёти зерин аз ӯст:

Намо зи лутф ба гулзор рӯи тобонро,
Ба оби шарм бишӯ равнақи гулистонро.
Кушо зи зулф гиреҳ, неҳ ба орази гулгун,
Бипеч гирди гулу лола сунбулистонро.
Хиром сӯи чаман бо қаду хати мушкин,
Ғулому бандаи худ соз сарву райҳонро.
Бикун табассуму дандон намой, то нахаранд
Ба як фулусу ба як ҷав ақиқу марҷонро.
Дари биҳишт ба рӯи Азиз баста макун,
Биё барои Худо, боз кун гиребонро!

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]