Айбдоркунандаи ҷамъиятӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Айбдоркунандаи ҷамъиятӣ бо мақсади фароҳам овардани шароит барои баровардани ҳукми одилона, ки қонуни мурофиавии ҷиноятии ҷумҳурӣ муқаррар намудааст, мавриди баррасии парвандаҳои ҷиноятӣ дар суд метавонад намояндаи ташкилотҳои ҷамъиятиро ба сифати айбдоркунандаи ҷамъиятӣ ҷалб намояд. Айбдоркунандаи ҷамъиятӣ аз ҷониби ташкилотҳо, муассисаҳо, корхонаҳо аз ҷумлаи одамони обрӯманд ва фаъол интихоб карда мешавад. Дар маҷлисҳои намояндагони ин мақомот оид ба парвандаи ҷиноятии баррасишаванда маълумот дода мешавад. Нусхаи протоколи маҷлиси намояндагон ба суд пешниҳод карда мешавад. Дар асоси протоколи зикршуда суд бо таъинот (қарор) айбдоркунандаи ҷамъиятиро ба суд роҳ медихад. Айбдоркунандаи ҷамъиятӣ аз лаҳзаи ба суд роҳ додан, ҳуқуқҳои иштирокчиёни мурофиаро пайдо мекунад, метавонад далелҳо пешкаш кунад, дар тафтишу санҷида баромадани далелҳо иштирок намояд, дар музокираҳои судӣ баромад кунад, ба суд дар хусуси исбот шудани айбдорӣ фикри худро баён намояд. Дар бораи татбиқи ҷазои ҷиноятӣ фикри худро пешниҳод кунад. Агар маълумоти тафтиши судӣ далолат кунанд, айбдоркунандаи ҷамъиятӣ ҳақ дорад, ки аз айбдоркунӣ даст кашад..[1].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.29