Аккредитив

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аккредитив - (аз калимаи лот. ) - боваринокбуда: а) яке аз шакҳои ҳисоббаробаркунй аст; б) номи коғази қиматнок аст. Аккредитив ваколат доир ба содир кардани ҳаракати муайян аст. Аккредитив гуфта чунин тарзи ҳисоббаробаркуниро меноманд, ки тарафи маблағгиранда кафолати қатъӣ пайдо мекунад, ки барои моли фиристодааш маблағро бетаъхир дар муҳлат гирад.

Мувофиқи талаби моддаи 892 КГ ҶТ дар мавриди ҳисоббаробаркунӣ дар шакли аккредитив, бонк бо супориши пардозандаи маблағ доир ба кушодани аккредитив супориш медиҳад ва бонк мувофиқи супориши он амал мекунад. Фарқи ҳисоббаробаркунии акредитивӣ аз дигар шаклҳои ҳисоббаробаркунӣ дар он аст, ки бояд дар навбати аввал бо супориши бонки маблағдиҳанда ҳисоби акредитивӣ қушода шавад. Маблағи муайян бо ин мақсад ҷудо (брон) карда мешавад. Аз ҳисоби ҳамон маблағ бо маблағгиранда мувофиқи созиши тарафҳо ҳисоб баробар карда мешавад. Дар мавриди ҳисоббаробаркунӣ шартҳои аккредитив бояд риоя карда шаванд.

Дар уҳдадории акредитивӣ чор тараф иштирок мекунанд: а) маблағдиҳанда (харидор); б) бонке, ки маблғгро мегузаронад (бонки эммитент); в) бонке, ки маблағро қабул мекунад; г) тарафе, ки маблағро мегирад ( фурӯшанда) ё тарафе, ки хидмати муайянро, кори муайянро иҷро кардааст (бенифитсиар). Қонун якчанд намудҳои аккредитивро пешбинӣ намудааст: аккредитиви бозхостшаванда (м. 893 КГ ҶТ), аккредитиви бозхостнашаванда (м.894 КГ ҶТ) ва ғайра. Барои кушодани аккредитив тарафи маблағсупоранда бо талаби тарафи маблағгиранда ё мувофиқи шартнома бояд ба бонки хизматрасонанда дар шакли муайянкардашуда ариза пешниҳод намояд, ки дар он маълумотҳои муайяни ҳатмӣ пешбинӣ карда шавад: рақами шартнома, ки доир ба он аккредитив кушода мешавад, мӯхлати амали аккредитив, таърихи қатъ гардидани аккредитив, номи маблағгиранда, номи бонке, ки гузаронидани маблағро таъмин менамояд, ҷойи иҷрои аккредитнв, номи пурраи ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи онҳо маблаг гузаронида мешавад, тарзи ба расмнят даровардани онҳо, муҳдати пешниҳод намудани онҳо, намуди аккредитив, барои фиристодани кадом молҳо ва хидматҳо аккредитив кушода шудааст, миқдори умумии маблағи аккредитив ва ғайра. Аккредитив - I, супориши бонк ба як ё якчанд бонкҳо дар хусуси аз ҳисоби мизоҷ дар доираи маблағ ва шартҳои дар супоришнома муайяншуда ҷудо намудани пул ба шахсони воқеӣ ва ҳукуқӣ. Як навъи ҳисоббаробаркунӣ. Аккредитивкунонӣ - ҷараёни ба шахси муайян додани ваколате, ки намояндагии давлатро дар кишвари дигар ифода месозад.[1].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.31