Аккултуратсия

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Чаҳор шакли асосии таъқибот: 1- сегрегатсия, 2- Интегратсия, 3- Ассимилятсия, 4- Маргинализатсия

Аккултуратсия — аз калимаи англисии акки ва калимаи лотинии адкикига - маориф, инкишоф баромадааст. Аккултуратсия раванди қабул кардани ин ё он хусусияти фарҳанги халқи дигар аст, ки дар натиҷаи робитаи халқҳо ба вуҷуд меояд. Аккултуратсия вобаста ба шакли қабул ба 2 намуд ҷудо мешавад: 1) табиӣ, 2) маҷбурӣ. Шакли табиӣ ба давраҳои қадим ва асрҳои миёна мансуб аст. Яъне ҳангоми робитаи халқҳо унсури азхудкунӣ ё ба худ қабулкунии фарҳанги халқи дигар ба миён меояд. Шакли маҷбурӣ ба давраҳои нав ва навтарин рост меояд, ки халқҳои фарҳанги инкишофдошта ба аккултуратсия рӯ овардаанд. Яъне раванди инкишофёбии давлатҳо ва лашкаркашиҳои забткоронаи онҳо аккултуратсияи маҷбуриро ба вуҷуд овард.[1].

Нигаред низ[вироиш | вироиши манбаъ]

Ҳуқуқу озодиҳои конститутсионии инсон ва шаҳрванд

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

  1. Фарҳанги истилоҳоти ҳуқуқ / Зери таҳрири Маҳмудов М.А. - Душанбе: ЭР-граф, 2009. - с.32