Акмал Мирзо

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Акмал Мирзо
Номи пурра Акмал Мирзо Муҳаммадкомили Бадахшӣ
Таърихи таваллуд: 1644(1644)
Зодгоҳ: Кашмир
Таърихи даргузашт: 1718(1718)
Маҳалли даргузашт: Кашмир
Навъи фаъолият: шоир

Акмал Мирзо Муҳаммадкомили Бадахшӣ (1644, шаҳри Сринагари Кашмир1718, ҳамон ҷо) — шоири форсизабони Ҳиндустон.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Аҷдоди Акмал аз Тошканд ба Бадахшон ва баъдан ба Ҳиндустон кӯчиданд. Нисбаи Бадахшӣ гирифтанаш аз ҳамин ҷост. Акмал яке аз шоирони сермаҳсул аст (ҷамъи ашъораш 80000 байт). Мавзӯъҳои асосии нигоштаҳояш ирфону тасаввуф, фалсафа, ишқу муҳаббат, панду насиҳат, даъват ба дӯстиву сулҳу салоҳ байни қавмҳои мазҳабашон гуногун ва ғайра мебошанд. Дар пайравии «Маснавии маънавӣ»-и Ҷалолуддини Румӣ китобе навиштааст бо номи «Баҳр-ул-ирфон» (иборат аз 4 ҷилд). Аксар шоирони форсизабони Ҳиндустон ба ин асар тақлиду пайравӣ карда маснавӣ офаридаанд. Акмал аз шоирони форсигӯи Кашмир нахустин касест, ки достонҳои ҳиндӣ, масалан, «Аканандон»-ро ба форсӣ гардондааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]