Актинолит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Актинолити серпаҳлӯ аз Бразилия

Актиноли́т (аз юн.-қад. ἀκτίς (актино-) — нур ва λίθοςсанг: «санги тобон»; номҳои дигараш тремолит, стиболит, странит, смарагдит, шпати зумуррадӣ) — минерали ҷинсофарин аз гӯрӯҳи амфиболҳо. Таркиби химиявиаш: Ca2(Mg,Fe∙)5[Si4)O11]2(OH)2. Кристаллҳои дарози сӯзаншакл ва нахмонандаш, одатан, агрегатҳои шуоъшаклро ташкил медиҳанд. Актинолит санги ороишӣ буда, рангаш хокистарранги сабзтоб, ҷигарии сабзтоб ё сабз аст; ҷилояш шишагуни хос, ки «чашми гурба» ном гирифтааст; сахтиаш 5,5 – 6; зичиаш 3170 – 3300 кг/м3. Актинолит дар таркиби скарнҳо, ҷинсҳои магмавӣ ва метафорӣ вохӯрда, дар таркибаш силитсий дорад. Онро ҳамчун маводи ба кислота тобовар истифода мебаранд. Яке аз хелҳои актинолит нефрит ном дорад. Конҳои асосии актинолит дар Африка, Зеландияи Нав, Канада, Хитой ва Россия воқеанд. Актинолитро сангшиносон барои табобати касалиҳои пӯст, касалиҳои занбӯруғӣ, гурда, рехтани мӯи сар тавсия медиҳанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]