Акҳяна

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Акҳяна (санскр. – ҳикоя) — жанрҳои ривоятии адабиёти қадими халқҳои Ҳиндустон. Дар Ведаҳо акҳяна – порчаҳои эпикӣ ва муколамаҳои драмавие вомехӯранд, ки сужети онҳо дар адабиёти классикии санскрит, аз ҷумла дар драмаҳои Калидаса, инкишоф ёфтааст. Акҳянаро ибтидои драматургияи классикӣ ва жанрҳои ривоятии назму насри ҳиндӣ медонанд. Мавҷудияти акҳяна дар Ведаҳо гувоҳӣ медиҳад, ки халқҳои Ҳиндустон аз қадимулайём адабиёти пешрафта доштаанд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]