Алдикарб
Алдикарб, C7H12N2O2S, темик — як навъ моддаи химиявӣ. Чун инсектисид, акарисид ва нематосид барои нобуд кардани ҳашароти зараррасони маканда, нематодаҳо ва ғайра (ба ҳар га 0,56 — 5,6 кг) кор мефармоянд. Дар шакли ғурӯшаи 5 ва 10-фоиза истеҳсол мешавад. Барои занбӯри асал ва дигар ҳашароти фоиданок заҳр аст.
Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]
Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]
- Алдикарб // А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.