Jump to content

Алибегии Танбӯрӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алибегии Танбӯрӣ
Алибегии Танбӯрӣ
Таърихи таваллуд 848(0848)
Зодгоҳ Бухоро
Таърихи даргузашт 910(0910)
Пеша(ҳо) сароянда ва мусиқишиноси тоҷик

Алибегии Танбӯрӣ (848, Бухоро — 910, ҳамон ҷо) — мусиқидон, навозанда ва хонандаи форс-тоҷик, намояндаи машҳури мактаби классикии мусиқии замони Сомониён, шогирди Абулаббоси Бахтиёр ва Абулаббоси Сарахсӣ.

Зиндагинома

[вироиш | вироиши манбаъ]

Асосҳои назариявию амалии мусиқиро назди Абулаббоси Бахтиёр ва Абулаббоси Сарахсӣ омӯхтааст. Алибегии Танбӯрӣ аз мӯътақидон ва мубаллиғони сабки иҷроии «Хуросоник» (Хуросонӣ) буда, бештар суруду осори мусиқиашро бар пояи мероси мусиқии фаҳлавиёту марвисароӣ танзиму тадвин менамуд. Алибегии Танбӯрӣ ба услуби сарояндагии Абуамир пайравӣ намуда, хусусан дар иҷрои достонҳои ҳамосавӣ, қасидаю маснавӣ ном бароварда буд. Дар навохтани танбӯр, алалхусус танбӯри мовароуннаҳрӣ маҳорати баланд дошт. Алибегии Танбӯрӣ асосҳои назарию амалии мусиқиро зери сарпарастии Абӯлаббоси Бахтиёр, Абӯлаббоси Сарахсӣ омӯхтааст. Алибегии Танбӯрӣ аз мӯътақидон ва мубаллиғони сабки иҷроии «Хуросоник» (Хуросонӣ) буда, бештар суруду осори мусиқиашро бар пояи мероси мусиқии фаҳлавиёту марвисароӣ танзиму тадвин менамуд. Дар сабки овозхонӣ ба хонандагону навозандагон Абӯамир, Мударники Ноӣ, Исои Барбатӣ, Ҳобони Ноӣ иродат намуда, дар иҷрою таҳияи достонҳои ҳамосию таърихӣ, қасида (пат-вожа), манзумаҳои мадҳиявӣ истеъдоди хоса доштааст. Дар равиши иҷроии танбӯри хуросонӣ сабки нави иҷроиро ворид намуда, дар сохти пардавии ин соз пардаи 19-ро бо номи «нашид» зам кардааст. Дар танбӯри мовароуннаҳрӣ ҳам ихтироъоте дошта ва аҳли созу овоз ӯро «танбурнаво», «танбӯрӣ» ном мебурданд.[1]

  • Раҷабзода А. Мусиқӣ дар тамаддуни Сомониён. — Душанбе,2000;
  • Фарҳангномаи мусиқии Эрон. — Теҳрон, 1376;
  • Энциклопедияи адабиёт ва санъати тоҷик, ҷ. 1. — Душанбе,1988.
  • Суннат ва навоварӣ дар тамаддуни мусиқии замони Рӯдакӣ, Д., 2008;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Нигаред низ

[вироиш | вироиши манбаъ]

Шашмақом

  1. Донишномаи Шашмақом./Зери таҳрири Олимов К., Абдувалиев А., Азизӣ Ф., Раҷабов А., Ҳакимов Н. — Душанбе, 2009. — с. 20 ISBN 978-99947-49-13-3