Алии Шунқор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Алии Шунқор
Таърихи таваллуд 1457(1457)
Зодгоҳ Ҳирот
Таърихи даргузашт 1541(1541)
Маҳалли даргузашт Ҳирот
Пеша(ҳо) мусиқишинос - оҳангсоз

Алии Шунқор (1457, Ҳирот — 1541, Ҳирот) — мусиқидон, оҳангсоз, хонандаи ва шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Дар Ҳирот умр ба сар бурдааст. Мусиқиро аз падараш ва мусиқидонҳои Ҳирот Хоҷа Исҳоқи Шиҳобӣ, Устод Шодӣ омӯхтааст.

Баъди омӯхтани санъати мусиқӣ як силсила асарҳо — «Савт», «Амал», «Рехта», «Кор», «Сарбанд», «Қавл», «Нақш» ва ғайра офарида, як қисми онҳоро ба маликаи Ҳирот Тӯтибегим бахшидааст. Оҳангҳои Алии Шунқор ба мақомҳои «Ҳусайнӣ», «Ироқ», «Дугоҳ», бар вазнҳои «Туркзарб» ва «Зарбулфатҳ» эҷод шудаанд. «Савти бегимӣ», «Нақши бегимӣ» аз ҷумлаи асарҳои машҳури ӯ ба шумор мераванд. Ғазалро низ некӯ суруда, соҳибдевон будааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов А., Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI—XVII, Д., 2007.