Алкор

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Алкор (80 Дубби Акбар), яке аз ситораи дуқӯша (бо Митсар) дар бурҷи Дубби Акбар (Хирси Калон). Дар қатори ҳафт ситораи равшани бурҷ, ки шакли кафлезро мемонад, ситораи дуқӯшаи машҳури осмон – Митсар ва алкорро дидан мумкин аст. Ин ситораҳоро «Аспу савора» низ меноманд. Аз замонҳои қадим дар осмони ситоразор фарқ намудани алкор қобилияти тезбинии чашмро ифода мекард. Ривоятест, ки гӯё дар Мисри Қадим ба қӯшунҳои яккачини Фиръавн ҷавононеро қабул мекарданд, ки дар осмон ин ситораҳоро фарқ кунанд. Қадри ситоравии алкор 4,02, синфи спектралиаш А5V, масофа то Замин 78±1 соли рӯшноӣ (24±0,4 пк), аз Митсар дар масофаи 3 соли рӯшноӣ ҷойгир аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]