Аляскит

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Аляскит

Аляски́т — ҷинси магмавӣ аз гранитҳо.

Таркибаш асосан аз шпатҳои даштии ишқорӣ, кварс ва албит иборат мебошад. Сохташ дона-дона, баъзан порфиршакл. Рангаш сурхи ҷигарӣ, гулобӣ, сафедча,. Бори аввал дар нимҷазира Аляска ёфт шуда, ҳамин номро гирифтааст. Дар кӯҳҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон вомехӯрад. Аляскит чун масолеҳи бинокорӣ ва навъҳои хушранги он барои кошинкорӣ ба кор мераванд.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]