Амазонкаҳо
Зоҳир
Амазонкаҳо — Занони ҷанговар дар асотири Юнони Қадим.
Амазонкаҳо маънои «саворазан»-ро низ дорад. Бино ба ривоятҳои қадим амазонка дар Осиёи Хурд ва соҳили Меотида (Баҳри Азов) зиста, бо мақсади давом додани наслашон аз мардони қабилаҳои дигар шавҳар мекарданд ва шавҳари худро ба қабилааш пас мегардониданд. Пас аз таваллуди фарзанд писаронро ба падарони онҳо дода, духтаронро бо худ нигоҳ медоштанд ва ба онҳо санъати муҳорибаро ёд медоданд. Амазонка ҳамчун занони соҳибҷамол шуҳрат ёфтаанд.
Нақлу ривоятҳо дар бораи амазонка дар тамоми ҷаҳон, алалхусус байни ҳалқҳои ҳиндуи Бразилия, машҳуранд. Ин ривоятҳо ёдгории давраи модаршоҳианд.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.