Амир Алиакбари Самарқандӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амир Алиакбари Самарқандӣ
Зодгоҳ
Маҳалли даргузашт
Пеша(ҳо) мусиқидон

Амир Алиакбари Самарқандӣ, мутахаллис ба Устод Қонунии Самарқандӣ (1576, Самарқанд1610, ҳамон ҷо) — мутриб, оҳангсоз, мусиқидон ва шоири тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Зодгоҳаш гузари Мӯлиёни Самарқанд. Падари Амир Алиакбари Самарқандӣ низ аз аҳли илму адаб буда, наздиконаш ӯро Мир Мусо ном мебурданд ва ҳокими ондавраи шаҳр ба ӯ номи фахрии «Қутбулақтоб»-ро додааст. Амир Алиакбари Самарқандӣ илмҳои замон, махсусан назарияву амалияи илми мусиқиро аз падараш омӯхтааст. Баъди вафоти падар барои такмили дониш ба Бухоро меравад ва аз Кавкабии Бухороӣ илми мусиқиро меомӯзад. Баъди бозгашт дар Самарқанд мактаби илмии назарияву амалияи мусиқиро таъсис дода, дар он шогирдони бис- ёреро, аз қабили Дарвеш Бузғолаи Самарқандӣ, Мавлоно Мир Ҳақӣ, Мавлоно Пирмуҳаммади Кулолии Самарқандӣ, Устод Тӯлаки Нойӣ, Устод Абдусаттори Қонунӣ, Устод Арабнавои Қобузӣ, Махдумзодаи Котибии Самарқандӣ ва дигаронро тарбия намудааст. Амир Алиакбари Самарқандӣ дар қонуннавозӣ сабки тозае ҷорӣ намуда, аксарияти навозандагони Самарқанду Бухоро равияи ӯро тақлид кардаанд. Амир Алиакбари Самарқандӣ бо дархости Кавкабии Бухороӣ рисолаеро дар илми мусиқӣ таълиф намудааст, ки, мутаассифона, то мо нарасидааст. Дар қабристони Хоҷа Абдуи Дарун дафн шудааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов А., Мусиқии тоҷикон ва анъанаҳои таърихии он дар садаҳои XVI – XVII, Д., 2007;
  • Донишномаи Шашмақом, Д., 2009.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]