Амон Воҳидов

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Амон Воҳидов

Амон Воҳидов (тав. 10 апрели 1936, деҳаи Боғи Баланди ноҳияи Самарқанд) — забоншиноси тоҷик, профессор (2009).

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Хатмкардаи Донишгоҳи давлатии Самарқанд (1959). Лаборанти калон, х. и. шуъбаи луғатҳои ИЗАШ МХ-и ба номи Рӯдакии АИ ҶШС Тоҷикистон (1959-65), тарҷумон дар Афғонистон (1965-68), муаллими Донишкадаи омӯзгории Самарқанд ба номи С. Айнӣ (1968-70), аспиранти ИЗА (1970 — 73). Аз соли 1973 омӯзгор, дотсент, профессори кафедраи забони тоҷикӣ ва филологияи Шарқи Донишгоҳи давлатии Самарқанд. Дар солҳои аввали фаъолияташ дар ҳайати гурӯҳи мураттибони «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (дар ду ҷилд, М., 1969) кор мекард.

Фаъоияти илмӣ[вироиш | вироиши манбаъ]

Самти асосии фаъолияти илмии Амон Воҳидов луғатшиносӣ, пажӯҳиши таърихи фарҳангнигории форс-тоҷик мебошад. Дар бораи «Ғиёсу-л-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин рисолаи номзадӣ навишт; монографияаш дар ин боб бо номи «Ғиёсу-л-луғот»-и Муҳаммад Ғиёсуддин ва мавқеи он дар фарҳангнигории тоҷикӣ-форсӣ (Самарқанд, 2012) ба табъ расид. Ба қалами Амон Воҳидов мақолаҳо оид ба фарҳангҳои дар асрҳои миёна навишташудаи форсӣ-тоҷикӣ, рисолаҳо, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ тааллуқ доранд. Амон Воҳидов барои талабагони тоҷики синфҳои 3, 7, 10 дар ҳаммуаллифӣ бо З. Ҳоҷиматова, А. Шарофиддинова, Т. Чориев китобҳои дарсии «Забони тоҷикӣ» таълиф намудааст. Дар Донишгоҳи давлатии Самарқанд забони ҳозираи тоҷикӣ, таърихи забон, фарҳангнигорӣ, этимология, афкори забоншиносӣ дар фалсафаи Шарқ ва ғ.-ро ба донишҷӯён ва магистрантҳо дарс медиҳад.

Осор[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Фарҳангнигории тоҷику форс. Самарқанд, 2006;
  • Амону-л-луғот. Самарқанд, 2009;
  • Забони адабии ҳозираи тоҷик. Қисми 1, Самарқанд, 2010;
  • Бо сухан ҷаҳон биорост (Маҷмӯаи мақолаҳо). Самарқанд, 2011.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]