Амперволтомметр

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Модели Avometer баровардашудаи солҳои 1951 то 2008

Амперволтомметр, авометр ё тестер — асбоби электрченкунандаи муштараки дастӣ барои чен кардани қувваи ҷараён, шиддат ва муқовимат дар занҷирҳои ҷараёни доимӣ ва ҷараёни тағйирёбандаи баландбасомад.

Дараҷоти дақиқии амперволтомметрҳо гуногун мешавад. Амперволтомметр дар як вақт чун амперметр, волтметр ё омметр хидмат мекунад. Мувофиқи принсипи кор амперволтомметрҳои системаи магнитоэлектрикӣ ва системаи детектор (росткунанда) мавҷуданд. Бо амперволтомметрҳои системаҳои магнитоэлектрикӣ бузургиҳои электрикиро дар занҷирҳои ҷараёни доимӣ ва бо амперволтомметрҳои системаи детекторӣ ин бузургиҳоро ҳам дар занҷирҳои ҷараёни доимӣ ва ҳам дар занҷирҳои ҷараёни тағйирёбанда чен кардан мумкин аст. Амперволтомметр барои дар занҷирҳои электрикӣ ошкор кардани каниш ё иттисоли кӯтоҳ, муайян кардани кори таҷҳизоти электронӣ, радиотехника ва ғ. васеъ кор фармуда мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]