Ампер ба вебер

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ампер ба вебер — воҳиди пешинаи муқовимати магнитӣ дар Системаи байналхалқии воҳидҳо (СИ), ишораташ А/Вб, ҳоло Генри дар дараҷаи яки манфӣ (Гн–1). Ампер ба вебер ба муқовимати занҷири магнитие баробар аст, ки дар он сели магнитии 1Вб ҳангоми ба 1А баробар будани қувваи магнитҳаракатдиҳанда ба вуҷуд оварда мешавад. 1 А/Вб = 10–9 воҳиди СГСМ.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]