Анвари Кошонӣ

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Анвари Кошонӣ
Навъи фаъолият: шоир

Анвари Кошонӣ (форсӣ: انور کاشانی‎; қарни XVII) — шоири форс-тоҷик.

Зиндагинома[вироиш | вироиши манбаъ]

Мувофиқи маълумоти тазкиранигор Малеҳои Самарқандӣ Анвари Кошонӣ дар шаҳри Кошони Эрон ба дунё омада, дар ҳамон ҷо зиндагиву эҷод кардааст. Касбҳои мисгарӣ ва шоириро аз падараш омӯхтааст. Малеҳои Самарқандӣ дар Кошон бо ӯ вохӯрда, намунаҳои ашъорашро дар тазкирааш ҷой додааст. Абёти зерин аз ӯст:

Бенавоеро ба навое бирасонӣ, чӣ шавад,
Хастаеро ба давое бирасонӣ, чӣ шавад.
Ту, ки равшангари ҳар ойинаи дидорӣ,
Дили моро ба ҷилое бирасонӣ, чӣ шавад.
***
Захмро аз нохуни ҳиммат ба хун овардаем,
Доғи дилро аз сияҳбахтӣ нагун овардаем.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]