Ангури сиёҳи хонатарош

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Ангури сиёҳи хонатарош, ангури сиёҳи муъминободӣ — навъе аз ангурҳои маҳаллӣ. Баргаш миёнаҳаҷми 3—5-парра, гулаш дуҷинса.

Вобаста ба шароити парвариш хӯшаҳояш ҳаҷман гуногун (дарозиаш 18—23 см, бараш 15—16 см, вазнаш 270—340 г) мешаванд. Ҳар хӯша 95—120 ғужб дорад; ғужбаш калон (17Х16 мм), лӯнда, сиёҳи ҷигаритоб (1—3-то тухм дорад). Ғужмаш хамираки сершира, нордони гуворо; ҳангоми пурра пухтан дар таркибаш 22—23 % қанд ва 3,8—4,6 г/л туршӣ мавҷуд аст. Токаш зудсабз, дар заминҳои обӣ ва лалмӣ хуб месабзад. To ox. тирамоҳ 80—85 фоизи навдаҳояш мерасад (44—48 фоизашон самароваранд). Ниҳолаш баъди 3 соли шинондан ба ҳосил медарояд. Дар шароити ноҳияи Муъминобод ангури сиёҳи хонатарош охири май гул карда, ох. авг. мепазад. Аз 1 га токзор 120—135 сентнер ҳосил меғундоранд. Ҳосилашро тар мехӯранд, мавиз мекунанд, аз он мураббо мепазанд, дар майкашӣ истифода мебаранд. Барои зимистон нигоҳ доштан мумкин. Аз ҳаҷми тараш 26 % мавизи сиёҳи калондона ҳосил мешавад. Ангури сиёҳи хонатарош навъи хоси ноҳияи Муъминобод буда, бештар дар деҳаҳои он парвариш меёбад. Токаш ба сармо, камобӣ ва касалиҳои занбӯруғӣ тобовар аст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Раҷабов Қ., Маълумотномаи токпарвар, Д., 1986;
  • Ампелография СССР. Малораспространённые сорта винограда, т. 1, М., 1961.

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]