Анилат

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Анилат, C6H14N2O4S, — як навъ моддаи химиявӣ, ки барои заҳролуд кардани тухмӣ истифода мешавад. Дар шакли ғурӯша истеҳсол мекунанд. Анилат 93 — 97 % моддаи таъсирбахш дорад. Анилатро барои нест кардани сиёҳмуғ ва зангаи гандум дар давраи нашв ба гандумзор бо самолёт (ба ҳар га 4,65 — 9,30 кг) ва мошинҳои дорупошӣ (ба ҳар га 9,3 кг) мепошанд. Дар хок дар муддати як моҳ пурра таҷзия мешавад.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]