Аншлиф

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод

Аншлиф (англ. polished section; олмонӣ: Anschliff; фр. section polie; итол. seccion pulida, placa pulimentada) — ҷинсҳои кӯҳии сангушуда, ангишт ё металле, ки як ё якчанд сатҳашон барои тадқиқи микроскопӣ дар рӯшноии инъикосшудаи микроскопи қутбишӣ суфта ё сайқал дода шудааст.

Омӯзиш[вироиш | вироиши манбаъ]

Аншлифро аз резаҳои минерал, ки бо шилм часпонда ва дар қолаби махсус рехта шудааст, низ тайёр мекунанд. Ҷинсҳои сермасома ё ангиштро пеш аз суфта кардан бо қатрон, канифол ва ғ. мечаспонанд. Тадқиқотро дар микроскопҳои махсус, ки дар онҳо аншлиф бо ёрии опак-иллюминатор ба воситаи объектив равшан мегардад, мегузаронанд. Дар аншлиф ранги минерал хуб аён шуда, сахтии он, электрикгузарониаш омӯхта мешаванд; аз рӯи хусусияти инъикоскунии рӯшноӣ анизотропнокии аншлифро муайян мекунанд. Дар сатҳи аншлиф содатарин реаксияҳои химиявиро гузарондан мумкин аст. Бо ёрии аншлиф минералҳо ва пайдарпайии ҷудокунии онҳо, сохти маъданҳоро меомӯзанд.

Ҳамчунин нигаред[вироиш | вироиши манбаъ]

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Пайвандҳо[вироиш | вироиши манбаъ]

Сарчашма[вироиш | вироиши манбаъ]