Анҷумани Равшан

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Унсури холии Викидода

«Анҷумани Равшан»тазкираест, ки Сайид Абдулвосеъ Сафои Завораӣ ном тазкиранигори эронӣ соли 1852 тартиб додааст.

Шарҳи ҳол ва намунаҳои осори адибони ҳамасри муаллиф, ашхосеро дар бар мегирад, ки ситоишгари ҳукмрони вақти Исфаҳон — Ҷароғалихони Зангина (Сироҷулмулк) буданд. Сафои Завораӣ дар таълифи тазкирааш ба ҳамкасби худаш Мирзо Муҳаммадалӣ Музаҳҳиби Исфаҳонӣ тақлид кардааст. Мутобиқи алифбои арабии форсӣ «Анҷумани Равшан» ба бобҳо ҷудо шудааст, ки онҳо дар тазкира «Фурӯғ» ном доранд. Нусхаи ягонае аз он моли донишманди эронӣ Сайид Муҳаммад Муҳити Таботабоист, ки хаттоти маъруф Абдураҳими Афсар ба хатти настаълиқ китобат кардааст.

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аҳмад Гулчини Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 1, Т., 1348 ҳ. ш.