Jump to content

Апорт (навъи себ)

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Апорти Алматоӣ.

Апорт — як навъ себи қадимии тирамоҳӣ. Мевааш калон (аз 200—400 г то 1 кг), нордон, сурхи рахш. Навъи сармобардор ва серҳосил аст; ҳар бехаш то 200—400 кг самар медиҳад. Апорт дар тамоми мамлакатҳои боғдории ҷаҳон паҳн шудааст. Бештар хелҳои машҳури серҳосили Апорти сурхак, олмаатоӣ, кубанӣ парвариш карда мешаванд. Дар Тоҷикистон (водии Ҳисор ва ноҳияи Рашт) фақат апорти олмаатоиро мепарваранд.