Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин

Мавод аз Википедиа — донишномаи озод
Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин

«Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» (ар. عرفات‌العاشقین و عرصات‌العارفین‎) — тазкираест, ки Тақиуддин Муҳаммади Авҳадӣ солҳои 1610—1612 тартиб додааст.

Муҳтаво[вироиш | вироиши манбаъ]

Муаллиф баъдан дарёфтҳои тозаи худро то солҳои 1632—1633 ба тазкира чун замимаи шарҳи ҳоли шоирон илова намудааст. «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» тарҷумаи ҳоли бештар аз 3300 шоирро дар бар мегирад. Тартиби ҷой гирифтани шоирон мутобиқи алифбои арабист. Ба 28 арса (фасл) ва ҳар арса ба 3 ғурфа (боб) тақсим шудааст. Дар ғурфаи аввал тарҷумаи ҳоли шоирони қадим, ғурфаи дуюм тарҷумаи ҳоли шоирони давраи мутавассит ва дар ғурфаи сеюм шарҳи ҳоли шоирони муосири муаллиф омадааст. Ба қавли муаллиф вай ин асарро бо дархости дӯстон ва баъзе ҳукмронони Ҳиндустон чун такмила ё идомаи тазкираи нахустинаш — «Фирдавси хаёли Авҳадӣ» навиштааст. Дар тазкираи «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» мухтасари тарҷумаи ҳол ва намунаҳои осори суханварон аз тамоми табақаҳои ҷомеа омадаанд. Авҳадӣ дар таълифи тазкира аз осори таърихӣ, рисолаҳо, девонҳои шоирон, тазкираҳои то замони ӯ таълифшуда истифода кардааст. «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» беҳтарин ва мукаммалтарин тазкира дар адабиёти форс-тоҷик ба шумор меравад. Махсусан, бахши шарҳи ҳоли шоирони форсизабони муқими Ҳиндустон, ки бо муаллиф ҳамзамон ва ҳамсуҳбату ошно будаанд, пурарзишу мӯътамад аст, зеро «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» шарҳи ҳоли шоиронро аз забони худи онҳо шунида, намунаҳои ашъорашонро аз дасти худашон гирифтааст. Тазкиранависоне, ки баъди «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин» тазкира сохтаанд, аз ин асари ӯ истифода бурдаанд. Авҳадӣ соли 1627 бо супориши подшоҳи Ҳиндустон Ҷаҳонгир (ҳукмр. 1605—1627) хулосаи «Арафоту-л-ошиқин ва арасоту-л-орифин»-ро бо номи «Каъбаи Арафот» тартиб додааст:

Ин Каъба, ки Замзамаш бувад Оби ҳаёт,
Айни Арафот омада аз зоту сифот.
Лекин «Арафот» «Каъба» дорад ба дарун,
Ин «Каъба» бурун омадааст аз «Арафот».

Эзоҳ[вироиш | вироиши манбаъ]

Адабиёт[вироиш | вироиши манбаъ]

  • Аҳмад Гулчин Маонӣ, Таърихи тазкираҳои форсӣ, ҷ. 2. Т., 1350 ҳ. ш.