Ардашери Бобакон
порсии миёна: Artaxšēr | |
Шоҳаншоҳи Сосониён
|
|
224 — 241 | |
Пешгузашта |
сулолаи Ашкониён: Артабони V |
Ҷонишин | Шопури I |
|
|
Таваллуд |
180 |
Даргузашт | 242 |
Дудмон | Хонадони Сосон |
Падар | Бобак |
Ҳамсар | Динаг[d], Khwarranzem[d] ва Мурруд Бону |
Фарзандон | Шопури I ва Ardashir[d] |
Эътиқод | маздаясно |
Парвандаҳо дар Викианбор |
Ардаше́ри Бобако́н, Ардашери Попакон (Ардашери I; порсии миёна: Artaxšēr аз порсии бостон: Artaxšaϑra; 180, Истахр[d], Порс, Шоҳаншоҳии Ашконӣ — 242) — бунёнгузор ва нахустин шоҳи Шоҳаншоҳии Соcонӣ (224—241). Пас аз шикасти вопасин шоҳаншоҳи Ашконӣ Ардавони V, дар соли 224 мелодӣ подшоҳии Соcониро бунён гузошт.
Ардашер ба порсии бостон «арْтаҳхْшсْара» талаффуз мешавад[1] аз номҳои куҳану сутудаи Эронӣ мебошад. Дар юнониаш "арْтаҳкْсерْекْссْ " (Artaxérxēs Αρταξέρξης) мехонанд; Ардашер (ба порсии миёна:) "арْтахْшْтир " ё «арْтахْшир» буда, ба арманӣ «арْташӣс» (Artašēs Արտաշէս) маегуфтандашу дар форсӣ низ "Ардашер " хонда мешавд[2]. Ардашер дар луғат маънои «касест ки подшоҳиаш барпояи ростию адолат аст» медиҳад[3]. Ҷузъи нахусти артахшир баргирифта аз мафҳуми динии адолати мавсум ба «артаҳ» ё «аша» асту ҷузъи дувумаш бо мафҳум «шаҳр» дар иртибот аст[2].
Зиндагинома
[вироиш | вироиши манбаъ]Писари Попак (Бобак) ва набераи Сосон — яке аз коҳинони Истахр. Бобак аз мавқеи иҷтимоии худ истифода бурда, писараш Ардашерро дар Доробгирд ба мақоми олии низомӣ расонд. Ардашери Бобакон чанд шоҳи Форсро мағлуб ва ҳалок карда, мулки онҳоро соҳиб шуд. Дар ҳамин вақт Бобак бар ҳокими Истахр Гавчеҳршоҳ шӯрида, макони ӯ — «Кохи сафед»-ро тасарруф кард. Гавчеҳршоҳро ба қатл расонда, худ бар тахти салтанат нишаст. Баъди марги Бобак писари калони ӯ Шопур подшоҳ таъйин шуд. Байни Шопур ва Ардашери Бобакон низоъ афтод. Ардашери Бобакон бино ба маълумоти «Форснома»-и ибни Балхӣ 44 солу 10 моҳ подшоҳӣ кард, аммо муддати 30 соли он дар ҷанги мулуки Таванф гузашт. Ӯ ҳама душманонашро аз байн бардошт ва муддати 14 сол шоҳаншоҳи Эрон буд.
Ҳукмронӣ
[вироиш | вироиши манбаъ]Шопур ногаҳонӣ фавтид ва бародарон тахту тоҷро ба Ардашери Бобакон тақдим карданд. Ардашери Бобакон пас аз чанде барои ҷилавгирӣ аз хиёнат ва шӯриши бародарон фармуд, ки онҳоро ба қатл расонанд. Пас аз он ба тасарруфи кишварҳои ҳамсоя пардохта, Кирмон ва соҳилҳои халиҷи Форсро ҷузъи қаламрави худ намуд. Оқибат байни Ардашер ва шоҳаншоҳи Ашкониён Артабони V ҷанг ба амал омад. Артабони V ба ҳокими Аҳвоз (Хузистон) фармуд, ки ба ҷанги зидди Ардашери Бобакон дарояд. Аммо Ардашери Бобакон фурсат надода Исфаҳон, Аҳвоз ва вилояти хурди Мисенро, ки дар резишгоҳи Даҷла ва соҳили халиҷи Форс воқеъ буд, тасарруф намуд. 26 апрели 224 дар ҳамвории Ҳурмуздатон байни Ардашери Бобакон ва Артабони V ҷанги шадиде рӯй дод ва Ардашери Бобакон Артабони V-ро кушта, сулолаи Ашкониёнро барҳам дод. Солҳои 226—227 маросими тоҷгузории Ардашери Бобакон барпо гардид ва ӯ унвони «шоҳаншоҳ»-ро гирифт. Пас ба тасхири кишвари Мод, шаҳри Ҳамадон, Озарбойҷону Арманистон пардохта, Сакистон, Абаҳаршаҳр (Хуросони ҳозира), Марв, Хоразм, Балхро тасарруф намуд ва бо ҳамин қудрати худро дар ноҳияҳои Шарқ вусъат дод. Мувофиқи маълумоти Табарӣ шоҳони Кушон, Турон ва Макурон (ноҳияе дар соҳили халиҷи Утмин ва Уқёнуси Ҳинд) шоҳаншоҳии ӯро ба расмият шинохтанд. Салтанати Ардашери Бобакон дар он замон Эрон, Афғонистон, Балуҷистон, Марву Хоразмро дар бар гирифта, сарҳади шим. ба Ҷайҳун ва ғарбӣ ба Бобулу Ироқ мерасид. Шаҳри Тайсафун (Мадоин)-ро пойтахти давлати Сосониён баргузид, вале қароргоҳи Ардашери Бобакон дар шаҳри Гур (Фирӯзободи ҳозира) буд, ки он ҷоро «Ардашерхура» номида боғҳо ва гулистонҳои рӯҳафзо бунёд кард. Дар айёми ҷавонӣ дар ин макон қасре ҳам сохт, ки осори вайронаи он то ҳанӯз боқист. Ин қаср яке аз аввалин биноҳои тоқдори Эрон буд. Давлати муқтадире, ки ӯ пойдор кард, ҳама қавмҳои Эронро муттаҳид намуда, ба империяи Рум рақобат мекард. Тамаддуни Сосонӣ агарчи думболаи тамаддуни Ашконӣ буд, вале мукаммал ва муҷаддиди он ҳисоб меёфт. Ардашери Бобакон барои вусъати ёдгориҳои моддӣ ва маънавии кишвар кӯшидааст. Дар аҳди Ардашери Бобакон шаҳрҳои нав қомат меафрохтанд (Ваҳардашер, Ардашерхура, Риоардашер, Ромардашер) ва ҳаёти иҷтимоию сиёсӣ рӯ ба тараққӣ ниҳод. Бо мурури замон саргузашти ин подшоҳ сурати афсона гирифтааст. Дар «Корномаи Ардашери Попакон», ки шарҳи аъмол ва афъоли Ардашери Бобакон дар он дарҷ ёфтааст, матолибе дида мешавад, ки мутааллиқ ба ҳикояти Куруши Кабир аст.
Эзоҳ
[вироиш | вироиши манбаъ]- ↑ شارپ، رلف نارمن. فرمانهای شاهنشاهان هخامنشی. تهران: مؤسسهٔ فرهنگی و انتشاراتی پازینه، ۱۳۸۴. شابک ۹۶۴-۵۷۲۲-۷۴-۸.
- ↑ 2.0 2.1 شهبازی، علیرضا شاپور. تاریخ ساسانیان: ترجمهٔ بخش ساسانیان از کتاب تاریخ طبری و مقایسهٔ آن با تاریخ بلعمی. تهران: مرکز نشر دانشگاهی، ۱۳۸۹. شابک ۹۷۸-۹۶۴-۰۱-۱۳۹۳-۶.
- ↑ یارشاطر، احسان. «تاریخ روایی ایران». در تاریخ ایران کمبریج. ج. سوم، قسمت اول. ترجمهٔ حسن انوشه. تهران: مؤسسهٔ انتشارات امیرکبیر، ۱۳۸۲. شابک ۶-۰۰۲۳-۰۰-۹۶۴-۹۸۷.
Адабиёт
[вироиш | вироиши манбаъ]- Дашков С. Б. Цари царей — Сасаниды. История Ирана III—VII вв. в легендах, исторических хрониках и современных исследованиях. — М.: СМИ-АЗИЯ, 2008. — 352 с. — 4000 экз. — ISBN 978-5-91660-001-8.
- Книга деяний Ардашира, сына Папака. М., 1987. (Памятники письменности Востока. LXXVIII).
- Фирдоуси. Шахнаме, т. V. M., 1984.
- Геродиан. История. СПб. 1995.
- Мовсес Хоренаци. История Армении. Ереван. 1990
- Агафий Миринейский. О царствовании Юстиниана. М.,
- История епископа Себеоса. Ереван. 1939;
- Луконин В. Г. Культура сасанидского Ирана. М., 1969.
- Луконин В. Г. Древний и раннесредневековый Иран. М., 1987.
- Фрай Р. Наследие Ирана, 2-е изд., М., 2002.
- Denkard, book 4.(пайванди дастнорас)
- Zand-i Vohuman Yasht.
- Jamasp Namak
Сарчашма
[вироиш | вироиши манбаъ]- А — Асос. — Д. : СИЭМТ, 2011. — 608 с. — (Энсиклопедияи Миллии Тоҷик : [тахм. 25 ҷ.] / сармуҳаррир А. Қурбонов ; 2011—2023, ҷ. 1). — ISBN 978-99947-33-45-3.
Ин мақолаи хурд дар бораи одам аст. Бо густариши он ба Википедия кӯмак кунед. Дар сурати имкон ин ёддошт бояд дақиқтар ҷойгузин шавад. |